15:23 25 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
154 0 0

Ҳар рӯз парвозҳои содиротӣ аз Русия ба Тоҷикистон сурат мегиранд, аммо бо вуҷуди ин, маълумот дар бораи гурӯҳҳои нави муҳоҷирони дармонда дар интернет пайдо шуд

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Як қатор расонаҳо дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав мондаанд, хабар доданд.

Дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов гуфт, ки ин маълумот дуруст нест.

Сафир афзуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон тибқи рӯйхатҳо аз Русия парвоз мекунанд.

Овозаҳоро дар бораи ҷамъ шудани шаҳрвандони хориҷӣ дар фурудгоҳро дафтари матбуоти фурудгоҳ рад кард.

"Фурудгоҳ муътадил кор мекунад, дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ, ки наметавонистанд ба парвози содиротӣ парвоз кунанд, маълумоте ба даст наомадааст" гуфт котиби матбуотӣ Александр Власов.

Дар бораи қаллобон, парвозҳо ва издиҳом: Сатторов вазъи муҳоҷиронро дар Русия шарҳ дод

Власов дар муколама бо Sputnik Тоҷикистон илова кард, ки шахсан минтақаҳои умумии фурудгоҳро тафтиш карда, дар он ҷо ягон муҳоҷирро пайдо накардааст.

Барчаспҳо:
муҳоҷирин, фурудгоҳ, сафорат

Мавзӯъҳои асосӣ