05:08 29 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.05
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1316601

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як ҳолати дигари дастдарозӣ ба номус ва қатли ноболиғ хабар дода, таъкид ба бемасъулиятии падару модари ҷабрдида кардааст, ки духтарчаашонро ба талабандагӣ ҷалб намудаанд

ДУШАНБЕ, 11 сен - Sputnik. Ба иттилои ВУД, ба идораи милиса дар ноҳияи Рӯдакӣ, модари кӯдак аз бедарак шудани фарзандаш хабар додааст.

Манбаъ афзуд, дар пайи ҷустуҷӯ,  ҷасади духтарчаи бедаракшуда, дар зери истгоҳи деҳаи Шаҳристони ноҳияи Рӯдакӣ бо аломатҳои марги маҷбурӣ ёфт шудааст.  

Боздошти Раҷабов: пул дода, бо фиреб бурдаст-видео

Маъмурини милиса бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят, шаҳрванд Раҷабов Зафар Сафарович, соли таваллудаш 1983, зодаи шаҳри Ваҳдат, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакиро дастгир кардаанд.

Ба иттилои ВУД, муттаҳам эътироф кардааст, ки 25 августи соли равон бо роҳи додани маблағ, ба боварии духтарчаи 11-cола даромада, ӯро ба паси истгоҳ бурда, бо зӯрӣ ба номусаш таҷовуз кардааст. Ин ниҳод таъкид намуд, ки айбдоршаванда сипас барои рӯйпӯш кардани ҷинояташ, ҷабрдидаро ба қатл расондааст.

ВУД гуфт, феълан алайҳи боздоштшуда бар асоси моддаҳои 104 ва 138-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз гардида, гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Назари бевоситаи Зафар Раҷабов ва ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия маълум нест.

Барчаспҳо:
таҷовузи ҷинсӣ, гадоӣ, қатл, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ