07:04 28 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
798 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар субҳи имрӯз барои ифтитоҳ ва гузоштани санги асоси як қатор иншооти таъиноташ гуногун ва шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд сафар кардааст

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, сафари кории кории  Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, президенти нахуст дар  мавзеи Саратоғ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТАЛКО Флюорит”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Манбаъ мегӯяд, иқтидори ин корхонаи саноатӣ дар самти истеҳсоли консентрати флюорит дар як шабонарӯз дар навбати аввал аз 100 то 120 тоннаро ташкил дода, баъди татбиқи пурраи лоиҳа ин нишондод ба 200 тонна баробар мешавад.

Айни замон дар корхонаи навтаъсис 120 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардида, истеҳсоли консентрати флюорит мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст, афзудааст манбаъ.

Тибқи маълумоти масъулон дар корхонаи мазкур дар асоси лоиҳа бояд 3 партовгоҳи истеҳсолӣ бунёд карда шавад. Айни замон бо ба инобат гирифтани иқтидори мавҷуда як партовгоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, анбори ҷамъоварии ашёи хом ҳам бо ғунҷоиши 15  ҳазор тонна маъдани флюорит дар масоҳати 3 гектар бунёд гардидааст.

Гуфта мешавад, “ТАЛКО Флюорит” дар самти содироти маҳсулот аллакай бо се ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.  

Баъди ифтитоҳи  “ТАЛКО Флюорит” Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Канчочи ноҳияи Айнӣ рафта, бо рафти корҳои сохтмонӣ дар ҶСП “ТАЛКО Голд” шинос шуданд.

Ба иттилои котиботи президент, корҳои сохтмонӣ дар корхонаи маъдантозакунӣ, ки 14 коргоҳро дар бар мегирад, 60 дарсад иҷро гардидааст. 

Тибқи маълумоти масъулон дар ин минтақа захираи умумии саноатӣ ва ғайрисаноатии сурма 265 ҳазор тонна ва тилло 50 тоннаро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шудааст, ки Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” дар асоси лоиҳа ва нақшаи тарҳрезигардида ғанисозии маъдан дар як шабонарӯз 5 ҳазор тонна ва солона 1,5 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Дар ҳамин замина ҳаҷми солонаи фулузоти тилло 2,2 тонна ва сурма 15 ҳазор тоннаро дар бар мегирад. Аз рӯи захираҳои умумии сурма Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои Осиё ва ҷаҳон дар яке аз ҷойҳои аввал ҷойгир шудааст.

Анҷоми сохтмони муҷтамаи истеҳсолӣ дар кони Кончочи “ТАЛКО Голд” соли 2021 дар назар аст.

Мавзӯъҳои асосӣ