12:21 23 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
173 0 0

Мақомоти милитсияи Суғд аз боздошти як зани 39 сола хабар медиҳад, ки бо роҳи фиреб 90 ҳазор сомонӣ пули як сокини шаҳри Хуҷандро гирифта, барнагардонидааст

ДУШАНБЕ, 12 сен – Sputnik. Акбар Шарифӣ, сухангӯи Идораи умури дохилии Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин зан сокини ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.

“Муайян карда шудааст, ки Б. С., сокини 39 солаи ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, моҳи июни соли 2019 воқеъ дар ҳудуди бозори “Афросиёб” и шаҳри Хуҷанд ба боварии як зани ҳамсоли худ, сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз ӯ 90 ҳазор сомонӣ маблағашро бо ваъдаи даромад гирифта ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст”, гуфт Шарифӣ.

Ба иттилоъи манбаъ, ҳоло алайҳи ин зан бо моддаи 247 қисми 3 и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шуда, тафтишот давом дорад.

Нисбати гумонбаршуда чораи ҳабси пешакӣ тадбиқ карда шудааст. Ҳолатҳои даст ба қаллобӣ бурдани занон аз тамоюли нави ҷинояткорӣ дониста мешавад, ки вақтҳои охир дар ин бора хабарҳо зиёд ба нашр мерасанд.

Боздошти қаллоб: 80 ҳазор долларро гирифту гуфт, хона медиҳам, аммо надод

Бино ба омори РВКД Суғд дар шаш моҳи соли ҷорӣ содирнамоии 197 адад ҷиноят аз ҷониби занон ба қайд гирифта шудааст.

Барчаспҳо:
зан, боздошт, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ