Абдурашид Кишварзода прокурори нави Рашт таъйин шуд

© Pixabay / epiciociПодпись документа, архивное фото
Подпись документа, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи таъйини сардорони нави раёсатҳои ВКД ва КДАМ дар минтақаи Рашт прокурори нави ноҳия низ таъин шуд

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки Абдурашид Кишварзода, собиқ прокурори нақлиёти Тоҷикистон ба вазифаи прокурори ноҳияи Рашт таъин шудааст.

“Он кас шаш моҳи ахир дар ихтиёри раёсати кадрҳо қарор дошт ва инак, дар ин вазифа муқаррар шуд. Кишварзода дар соҳа як фарди ҳирфаӣ ва дар мақоми худ як раҳбари арзанда аст”, - гуфтанд дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

Абдурашид Кишварзода соли 1963 таваллуд шуда, соли 1991 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм кардааст.

Саидзода Маҳмадсаид Борон - Sputnik Тоҷикистон
Рашт: сардорони милисаву амният таъин шуданд, прокурор ҳанӯз на

Коромӯз ва муфаттиши прокуратураи ноҳияи Фрунзе (ҳоло Сино) - и шаҳри Душанбе (1991 – 1992), муфаттиш ва муфаттиши калони парвандаҳои махсусан муҳими прокуратураи Тоҷикистон (1993 – 1994), прокурори ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон (1999-2006), прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (2006 – 2010) ва аз моҳи марти соли 2010 муовини Прокурори генералии Тоҷикистон буд.

Аз 26 феврали соли 2015 то шаш моҳи қабл дар вазифаи прокурори нақлиёти Тоҷикистон кор кардааст.

28 август тамоми сардорони ниҳодҳои қудратӣ дар минтақаи Рашт, аз қабили раёсатҳои ВКД, КДАМ ва прокуратураи ноҳия барканор ва пас аз 15 рӯз дигарбора тақаррур пайдо карданд.

Маҳмадсаид Саидзода, сардори Раёсати ВКД ва Абдусафо Сафоев, сардори Раёсати КДАМ дар минтақаву ноҳияи Рашт таъин гаштанд.

Барканориҳо дар Рашт: сардорони милисаву БДА ва прокурор аз вазифа сабукдӯш шуданд

Бо тақаррурии Абдурашид Кишварзода ба вазифаи прокурори ноҳияи Рашт раҳбарияти тамоми ниҳодҳои қудратӣ дар минтақаву ноҳия такмил шуд.

Лентаи хабарҳо
0