18:01 26 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
206 0 0

Созиш дар бораи барқарор кардани парвозҳо пас аз натиҷаи гуфтушунидҳои мақомоти ду кишвар ҳосил шудааст

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Ӯзбекистон ва Қазоқистон парвозҳои мунтазамро аз 11 сентябр расман барқарор кардаанд.

Созиш дар бораи барқарор кардани парвозҳо пас аз натиҷаи гуфтушунидҳо байни намояндагони мақомоти ду кишвар ҳосил шудааст.

 Дар ин бора вазорати нақлиёти Ӯзбекистон  хабар додааст.

Дар иттилояи қайд карда мешавад, ки Uzbekistan Airways ва Air Astana парвозҳои рӯзҳои ҷумъаро дар масири Тошканд - Алмаато - Тошканд баробар анҷом медиҳанд.

Қаблан Ситоди ҷумҳуриявии Қирғизистон оид ба мубориза бо коронавирус низ дар бораи барқарор кардани парвозҳои мунтазам байни Бишкек ва Тошканд аз 14 сентябр хабар дода буд.

Гуфта мешавад, парвозҳо дар ин масир ҳафтае як маротиба анҷом дода мешаванд.

Ёдовар мешавем: мақомоти Узбакистон аз 16 март ба ин сӯ бинобар таҳдиди паҳншавии коронавирус ҳама парвозҳои байналмилалиро бо дигар кишварҳо манъ карданд.

Аммо, бинобар сабук гардидани низоми карантини ҷорӣшуда, аввали моҳи сентябр Комиссияи махсус дастури муваққатӣ оид ба тартиби парвозҳои доимӣ бо кишварҳои хориҷиро дар давраи пандемияи COVID-19 тасдиқ кард.

Қазоқистон парвозҳои мунтазамро бо Русия ва 6 кишвари дигар барқарор мекунад

Ба мақомоти дахлдор супориш дода шуд, ки барои барқарорсозии тадриҷии иртиботи байналмилалӣ (ҳавоӣ, роҳи оҳан, роҳ) тавассути гуфтушунид бо мутахассисони хориҷӣ чораҳо андешанд.

Барчаспҳо:
марз, парвоз, Қазоқистон, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ