18:44 29 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
346 0 0

Дар хоҷагиҳои пахтакори шаҳру навоҳии шимоли Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии ҳосили пунба оғоз шудааст

ДУШАНБЕ, 13 сен – Sputnik. Бино ба иттилоъи манобеъ, ҳоло дар ҳукумати Суғд, зери роҳбарии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят Ситоди ҷамъоварии пахта–2020 таъсис ёфтааст ва маъракаи ҷамъоварии пахта аз сӯи ин ниҳод назорат мешавад.

Мавсими пахтачинӣ дар шимоли кишвар аз оғози моҳи сентябр шуруъ шуда то моҳи ноябр давом мекунад.

Дар бораи ин, ки оё имсол табибону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ ба пахтачинӣ сафарбар мешаванд, манобеъ аз ҳукумати Суғд гуфтанд, ки ин масъаларо Ситод муайян мекунад.

“Фикр мекунам ин масъала аз тағйирёбии боду ҳаво вобаста аст. Агар ҳарорат муътадил ояд, хоҷагидорон бо қувваи худ ва бе талаф ҳосили пахтаро ҷамъоварӣ карда метавонанд. Дар ҳоли паст омадани ҳарорат дар моҳҳои октябр, сафарбар намудани кормандони соҳаи буҷҷавӣ ногузир аст. Ба ҳар ҳол ин масъаларо Ситоди ҷамъоварии пахта-2020 муайян мекунад”, таъкид намуд манбаъ.

Моҳи октябри соли гузашта даҳҳо табибон ва омӯзгорони донишгоҳу мактабу кӯдакистонҳои Суғд, барои ҷамъоварии пахта ба ноҳияҳои Ашту Зафаробод фиристода шуданд.

Ҳарчанд мақомот ҷалби кормандони соҳаи буҷҷавиро кӯмаки ихтиёрӣ ба мардуми кишоварз шарҳ медоданд, аммо омӯзгорону духтурон таъкид мекарданд, ки “бо супориши роҳбарият ба “ҳашар” и пахтазорҳо ҷалб шудаанд”.

Абдуазиз Маҳмудзода, мудири шуъбаи истеҳсолии Сарраёсати кишоварзии Суғд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, соли ҷорӣ дар майдони 58, 9 ҳазор гектор пунбадона кишт шудааст ва ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта бештар аст.

“Исмол назар ба соли гузашта 450 га майдони пахта дар шаҳру ноҳияи Ашт, Б. Ғафуров, Зафаробод, Конибодом, Масчоҳ зиёд карда шудааст”, афзуд Маҳмудзода.

Соли гузашта кишоварзони Суғд аз майдони 58 ҳазору 454 гектар, 130 ҳазору 283 тонна пахта ва ё ба истилоҳ “тиллои сафед” ҷамъоварӣ намудаанд, ки ба ҳисоби миёна 22, 6 сентнерӣ рос меояд. Ҳосили пахтаро хоҷагидорон ба коргоҳҳои коркарди пунба месупоранд. Коркард ва фурӯши пахта аз сӯи масъулини корхонаҳо сурат мегирад",-мегӯяд манбаъ.

Бино ба иттилоъи расмӣ зимнан дар шаҳру ноҳияҳои Суғд ҳудуди 40 корхонаи коркарди пахта мавҷуд мебошад.

Солҳои охир бо сабаби камбуди техникаҳои пахтачинӣ, ҷамъоварии пунба дар хоҷагиҳо умдатан дастӣ сурат мегирад.

Масъулин соли гузашта, барои ҷамъоварии як кило пахта аз 30 то 50 дирам ҳақмузд муқаррар карда, ба пахтачинӣ сафарбар шудани кормандони соҳаи буҷҷавиро як роҳи дарёфти рӯзи аз саҳро маънидод менамоянд.

Идигул Қосимзода рӯзи истироҳаташро дар ҳашари пахтачинӣ гузаронд

Аммо омӯзгору табибон мегуянд, хуб мебуд ба маъракаи пахтачинӣ нафарони расман бекор қайд шуда фиристода шаванд, “зеро онҳо барои ҳарчи бештар чидани пахта ва ба даст овардани даромад аз ин кори саҳро ҳавасманд ҳастанд”.

Барчаспҳо:
пахта, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ