14:06 26 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
251 0 0

Ӯзбекистон ва Швейтсария барои  баргардонидани маблағҳои Гулнора Каримова, духтари собиқ раисиҷумҳури Ӯзбекистон Ислом Каримов ба мувофиқа расидаанд

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Тибқи иттилои расонаҳои Ӯзбекистон, дар доираи ин санад, дороиҳо ба маблағи тақрибан 131 миллион доллар, ки аз суратҳисобҳои Каримова дар Швейтсария соли  соли 2012 гирифта шудаанд, ба Ӯзбекистон баргардонида мешаванд.

Гуфта мешавад, ин созишнома аз мақомоти Узбакистон талаб мекунад, ки як қатор талаботро иҷро кунад.

Тибқи ин талабот, маблағҳоро танҳо барои беҳтар кардани шароити зиндагии мардуми Ӯзбекистон, сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои рушди устувор равона кардан мумкин аст.

Мониторинги шаффофи хароҷоти ин маблағҳо талаб карда мешавад.

Дар парвандаи ҷиноӣ алайҳи Гулнора Каримова дороиҳои ӯ дар ин кишвар 650 миллион франки Швейтсария гуфта мешавад.

Гуфта мешавад, созишномаи имзошуда инчунин нисбати баргардонидани ҳама гуна дороиҳои дигаре, ки метавонанд дар оянда дар доираи ин мурофиаи ҷиноятӣ ба таври доимӣ мусодира карда шаванд, татбиқ карда мешавад.

Қаблан Ӯзбекистон дороиҳои Гулнора Каримоваро ба маблағи 10 миллион доллар аз Фаронса баргардонида буд.

Вазорати адлияи ин кишвар он замон гуфт, Прокуратураи генералӣ ва Вазорати адлияи ҷумҳурӣ инчунин бо мақомоти салоҳиятдори дигар кишварҳо барои баргардонидани дороиҳои Гулнора Каримова ба маблағи зиёда аз 1,3 миллиард доллар бо роҳи ҷиноят ба даст омада кор бурда истодаанд.

Гузашта аз ин, ба гуфтаи Вазорати адлия, ин дороиҳо дигар дар ихтиёри Каримова ё аъзои оилаи ӯ нестанд, зеро онҳо аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори дигар кишварҳо мусодира карда шудаанд.

Ёдовар мешавем ахиран, духтари собиқ президент дар замони ҳукмронии падараш барои буздии маблағҳо ва сарпечӣ аз супоридани андоз боздошт ва дар ҳабси хонагӣ буд.

Ахиран додгоҳи шаҳри Тошканд, муҳлати ҳабси Гулнора Каримова, духтари собиқ раисиҷумҳури Ӯзбекистон, Ислом Каримовро ба 13 солу 4 моҳ боло бурд.

Пеш аз содир шудани ҳукми иловагӣ ба Кармова ӯ авохири моҳи феврали соли ҷорӣ ба унвонии Шавкат Мирзиёев, президенти феълии Ӯзбекситон нома навишта, бар ивази сарваташ дархости озодӣ карда буд.

Додгоҳ Гулнора Каримоваро барои 13 солу 4 моҳ равонаи зиндон кард

Гулнора Каримова дар номаи худ изҳор карда буд, ки ба ивази озодӣ, омода аст аз баҳри пулу дороиҳои хонаводааш гузарад.

 

 

 

Мавзӯъҳои асосӣ