Дер кардем, аммо умедворем: Саидҷафъар Усмонов сабти ном мешавад?

© Facebook - Шамс ФозиловУсмонзода Саидҷаъфар Усмон, раиси ҳизби демократи Тоҷикистон
Усмонзода Саидҷаъфар Усмон, раиси ҳизби демократи Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон барои ширкат дар интихоботи президентӣ шаш номзадро сабти ном кард, аммо сари номзадии Саидҷафъар Усмонов, раис ва номзади Ҳизби демократ то ба ҳол тасмими ниҳоӣ нагирифтааст

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Мавсуф ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, далели сабти ном нашудани номзадии ӯ то ба ҳол равшан нест, аммо 9 сентябр – рӯзи охирини супоридани имзоҳо – аъзои тими ӯ 285 ҳазору 420 имзоро ба Комиссия таслим кардааст.

“То ба ҳол ягон посухи расмӣ нагирифтаем. Эҳтимолан ин вобастагӣ дорад ба он, ки мо аз ҳама дер санаду имзоҳоро пешниҳод кардем. Аз сӯи дигар, тафтиши имзоҳо ҳам як раванди дигар аст, ки вақт мехоҳад. Ҳоло умедворем, ки сабти ном хоҳанд кард. Тасмими ниҳоӣ ба Комиссияи марказии интихобот аст”, - гуфт Саидҷафъар Усмонов.

Рӯзи 13 сентябр Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон эълом дошт, ки ҳуҷҷату асноди пешниҳодшудаи номзадҳоро омӯхта, номзадҳои интихоботи президентиро, ки 11 октябр баргузор мешавад, маълум кардааст.

Председатель Демократической партии  Саидджафар Усмонзода - Sputnik Тоҷикистон
Зиндагинома ва ваъдаҳои пешазинтихоботии Усмонзода: довталаби курсии президенти Тоҷикистон

Бино ба иттилои КМИР, Рустам Латифзода, номзади Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Абдуҳалим Ғаффорзода, номзади Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, номзади Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил, Иттифоқи ҷавонон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Рустам Раҳматзода, номзади Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон ва Мироҷ Абдуллоев, номзади Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ба сабқати интихоботӣ роҳ ёфтанд.

Саидҷафъар Усмонов, раис ва номзади Ҳизби демократи Тоҷикистон, низ аз аҳзоби мухолифи созандаи ҳукумат ба шумор меояд. Ӯ дар интихоботи президентии соли 2013 1,02 % - и раъйҳоро ба даст оварда буд.

Дар ҳамин ҳол, сарнавишти номзадҳое, ки тариқи худпешбарӣ мехостанд дар интихобот ширкат кунанд, маълум нест.

Ҷавони тоҷик мудаии президентӣ шуд: Иргашов чӣ ваъдаҳо доду чиро интизор аст?-аксу видео

Аз ҷумла ин маълум нест, ки Иброҳимҷон Юсуфбеков, сокини деҳаи Шашқати Нави ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент ва Фаромуз Иргашев, вакили мудофеъ аз шаҳри Хоруғ оё санаду ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод кардаанд ё не.

КМИР номзадҳо ба президентиро сабт кард: 5 нафаранд-ном ба ном

Тибқи муқаррароти КМИР – и Тоҷикистон, баррасии санаду ҳуҷҷатҳои номзадон 15 сентябр ба анҷом мерасад.

Лентаи хабарҳо
0