Натиҷаи беназоратии волидайн: писарчаи шаш сола дар канали “Куктоши поён” ғарқ шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешТонущий человек, архивное фото
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар додааст, ки писарчаи 6 сола, аз беаҳамияти волидайн ҳангоми убур аз пули канали “Куктоши поён” ба оби канал сарозер шудааст

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik.  Бино бар иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ин ҳодисаи нохуш санаи 12 – уми сентябри соли равон тахминан соати 17:00 рух додааст.

Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дарёфти ҷасади Гулҳаваси 33 сола: яке аз чор ғарқшудагони узви як оила дар Айнӣ

Тибқи иттилои манбаъ, як истиқоматкунандаи шаҳраки Навбаҳор, ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳамагӣ 6 сол доштааст, аз беаҳамияти волидайн ҳангоми убур аз пули канали “Куктоши поён” ба оби канал сарозер шудааст.

Гуфта шудааст, ки эҳтимолан ин писарчаи шаш сола ба самти деҳаи Зарнисори ҷамоати Чоргултеппа равон будааст.

Манбаъ таъкид доштааст, ки ба ҷойи ҳодиса фавран наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда расиданд.

“Мутаасифона ҷустуҷӯ то торикӣ, тақрибан то соати 19:30 дақиқа идома дошт, аммо бенатиҷа анҷом гирифт. Субҳи бомдоди рӯзи 13-уми сентябр, тахминан соати 06:20 дақиқа ҷасади ноболиғро хешовандони наздикаш 2 километр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо карданд”, - қайд кард манбаъ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон қайд кардааст, ки борҳо ба  падару модарон ҳушдор дода будем, ки бачаҳоро беназорат нагузоранд.

“Агар дар ин рӯйдод ҳамроҳи ин бачаи шашсола шахси калонсоле мебуд, яқинан фоҷеа рух намедод”, тъкид кардааст КҲФ Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0