22:25 22 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
2624 0 0

Сабоҳиддин Фахриддинзода, котиби судии Суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд бо иттиҳоми ситонидани пора ба маблағи 13 ҳазор сомонӣ боздошт шудааст

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтӣ, боздошти ӯ имрӯз пас аз зӯҳр дар пайи шикояти як сокини ноҳия аз сӯи кормандони прокуратураи шаҳри Исфара анҷом шудааст.

“Сабоҳиддин Фахриддинзода Ҷанобиддин, котиби судии Суди шаҳри Исфара тахминан моҳи июни соли 2020 сокини ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфара В.Ҷ -ро ба утоқи кориаш даъват карда, ба ӯ ваъда медиҳад, ки ҷазои ҷиноиашро кам мекунад ва дар аввал 29 ҳазор сомонӣ талаб менамояд. В.Ҷ бо сабаби надоштани ин маблағ ва камбизоатӣ аз Фахриддинзода хоҳиш мекунад, ки ба ӯ ёрӣ расонад. Фахриддинзода ба В.Ҷ ваъда медиҳад, ки агар 21 ҳазор сомонӣ маблағ диҳад, нисбаташ ҷазои ҷарима таъин карда мешавад. Агар надиҳад, ӯро аз озодӣ маҳрум мекунанд”, - гуфт манбаъи Sputnik Тоҷикистон.

Бино ба ин манбаъ, В.Ҷ. барои он ки аз озодӣ маҳрум нашавад, аввал аз як шиносаш 10 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, ба Сабоҳиддин Фахриддинзода медиҳад, аммо ахирӣ ба ин розӣ намешавад ва аз В.Ҷ. талаб мекунад, ки боз 3 ҳазор сомонии дигар орад.

“В.Ҷ ин 3 ҳазор сомониро низ қарз гирифта, ҷамъ 13 ҳазор сомониро оварда, дар утоқи корӣ ба Сабоҳиддин Фахриддинзода медиҳад. В.Ҷ, барои баргардонидани 13 ҳазори ба Фахриддинзода додааш як говеро, ки буду шуд дар хонааш дошт, дар бозор ба 12 ҳазору 800 сомонӣ фурӯхта, қарзашро пардохтааст”, - мегӯяд манбаъ.

Бино ба ин манбаъ, вақте ин қазия ба прокуратураи шаҳри Исфара маълум мешавад, Фахриддинзода боздошт шуда, алайҳи ӯ аз рӯи моддаи 247, қисми 2, банди «в» - и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - қаллобие, ки бо расонидани зарари ҷиддӣ содир шудааст - парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Ин модда аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 58 сомонӣ) ҷарима ё аз ду то панҷ соли ҳабсро пешбинӣ мекунад. Ҳамзамон, бино ба он, маҳкумшуда аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он маҳрум мешавад.

Барчаспҳо:
боздошт, пора, Суғд, Исфара, суд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ