00:52 01 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1091 0 0

Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Нуъмонзода Сомон Саидӣ, нозир-хазиначии шуъбаи молия ва хоҷагии раёсати гумруки шаҳри Душанберо бо гуноҳи сӯиистифода аз мансаб ва сохтакорӣ ба 20 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 19 сен – Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии Нуъмонзода Сомонро дар тасарруфи 12,3 миллион сомонӣ (муодили беш аз як миллион доллар) маблағҳои давлат гунаҳкор шинохт, иттилоъ додааст Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

“Нуъмонзода тавассути соҳибкор Ҳайдаров А.Н, ва декларант Сафаров Ш.Р. ғайриқонунӣ маблағҳои хазинаро ба номи ширкатҳои тиҷоратии Ҳайдаров интиқол дода, расидҳои қалбакӣ оиди қабули маблағ тартиб додаааст”, - таъкид доштааст манбаъ.

Гуфта шудааст, ки Нуъмонзода Сомон Саидӣ дар вазифаи нозир-хазиначии шӯъбаи молиявию хоҷагии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда, бо сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва сохтакории хизматӣ дар асоси маслиҳати пешакӣ бо соҳибкор Ҳайдаров А.Н. ва декларант Сафаров Ш.Р. барон ба расмият даровардани молу маҳсулотҳои аз Ҷумҳурии Халқии Чин вориднамудаи соҳибкор Ҳайдаров А.Н. ғайриқонунӣ маблағҳои хазинаро ба номи ширкатҳои тиҷоратии пешниҳоднамудаи охирин интиқол дода, расидҳои қалбакӣ оиди қабули маблағ тартиб дода, ба соҳибкор Ҳайдаров А.Н. пешниҳод намудааст.

“Минбаъд, Ҳайдаров А.Н. ва Сафаров Ш.Р. дар асоси расидҳои пешниҳоднамудаи Нуъмонзода С.С. молу маҳсулотҳои ворид намударо ба расмияти гумрукӣ дароварда, бо ин роҳ маблағи 12 313 364, 47 сомониро тасарруф намудаанд”, -қайд кардааст манбаъ.

Прокуратураи генералӣ зикр кардааст, ки нисбати Нуъмонзода С.С. парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол карда шудааст.

Манбаъ илова кардааст, ки бо ҳукми суди ин ноҳия аз 10 сентябри соли 2020 Нуъмонзода С.С. дар содир намудани ҷиноятҳои ба ӯ эълонкардашуда пурра гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои 20 сол маҳрум сохтан аз озодӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаб дар хидмати давлатӣ ва ҷавобгарии моддӣ дошта ба муҳлати 5 сол, бо адои ҷазо дар колониям ислоҳии низомаш сахт таъйин карда шудааст.

Ҳамзамон аз ҳисоби Нуъмонзода С.С. маблағи зарари расонидашуда ба фоидаи давлат рӯёнида шуд.

Барчаспҳо:
маҳкум, зиндон, гумрук, корманд, Душанбе, суд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ