05:33 27 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
283 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Хуҷанд хабар дод, ки 18 сентябр рух додаанд

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, рӯзи 18-уми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 02:30-дақиқа, ронандаи “Тойота-Рав 4”, Юсуфҷонов Мансурҷон, сокини 39-солаи Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон, аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба самти муқобили роҳ баромадаст.

Манбаъ афзуд, ки “Тойота” дар самти муқобили роҳ ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Абдураҳмонов Саидабдураҳмон,  сокини 21-солаи шаҳри Хуҷанд бархӯрдааст. 

“Дар натиҷаи бархӯрд, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Абдураҳмонов, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки инчунин санаи 18-уми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ниссан-Тяна”, Ҷабборов Ғаниҷон, сокини 44-солаи ноҳияи Б. Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ, бо автомашинаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи ронанда Холмуродов Мирзои 50-сола, ки дар як самт ҳаракат карда, ба тарафи чап гардишро анҷом медод, бархӯрдааст.

“Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Ниссан-Тяна”, Акрамова Дилбар Абдулаҳаевна, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Барчаспҳо:
ҳалокат, садамавӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ