05:54 27 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
140 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти зани 41-сола хабар дод, ки дар дуздии ҷавоҳироти зани дигар муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милисаи ноҳияи Сино, зани 43-солаи сокини пойтахт муроҷиат намуда, арз доштааст, ки 5-уми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 10:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Манбаъ зарари расонидашударо 10 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кардааст.

ВУД афзуд, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Турдибобои шаҳри Ҳисор, ки пеш барои дуздию қаллобӣ суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар дуздӣ боздошт гардид.

Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудааст.

“Номбурда, санаи 21-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 01:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматии марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти Саразм 1 адад скутери тамғаи “Daylingo”-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 3 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД Тоҷикистон таъкид кард, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
боздошт, дуздии ҷавоҳирот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ