13:30 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
8254 0 0

Султон Тӯраев, яке аз тоҷирони маъруфи Истаравшан ва бародари Сайфиддин ва Қурбон Тӯраевҳо, сиёсатмадорони маъруфи Тоҷикистон дар синни 69 – солагӣ бо зиндагӣ падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Яке аз наздикони марҳум дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Султон Тӯраев тайи даҳ рӯзи ахир дар Шифохонаи шаҳрии Истаравшан бо ташхиси “илтиҳоби шуш” табобат мешуд.

“Баъди зуҳри имрӯз духтурон хабар доданд, ки вазъашон ба вахомат гароидааст. Соате нагузашта, хабар доданд, ки ҷон ба ҷонофарин таслим кардаанд”, - гуфт ӯ.

Султон Тӯраев дуввумин намояндаи хонаводаи маъруфи Тӯраевҳо дар Истаравшан аст, ки дар замони пандемияи “вируси корона” оламро тарк мекунад.

30 майи соли равон бародари ӯ Сайфиддин Тӯраев дар синни 75 – солагӣ аз маризии дил вафот карда буд. Бародари бузурги онҳо - Қурбон Тӯраев низ дар ин миён як бор ба маризӣ печида, пас аз муддате шифо ёфт.

Сайфиддин ва Қурбон Тӯраевҳо сиёсатмадорони маъруфи Тоҷикистонанд, ки дар солҳои 90 – ум барои истиқрори сулҳ ва як ҳукумати мутамарказ дар Тоҷикистон нақши боризе доштанд.

Сайфиддин Тӯраев дар гузашта вазири хидмати маишӣ (1986-89), муовини аввали раиси Шӯрои Олӣ буд ва дар интихоботи президентии ноябри соли 1999 номзад ба мақоми раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Қурбон Тӯраев дар замони Шӯравӣ раиси Кумитаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар навоҳии Айнӣ, Мастчоҳ, шаҳри Ӯротеппа, пас аз истиқлолият вазири кишоварзии Тоҷикистон буд.

Ҳарду солҳои 1990 узви Шӯрои олӣ буданд ва дар иҷлосияи XVI – и Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ширкат намуда, аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати Шӯрои олӣ пуштибонӣ намудаанд.

Дар қиёс бо бародарони худ Султон Тӯраев як умр бо тиҷорат – пешаи хонаводагии Тӯраевҳо машғул буд. Пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ӯ дар заминаи Идораи тиҷорати давлатии ҳукумати шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) Ҷамъияти саҳҳомии “Хуросон” – ро таъсис дода, то дами марг мудири кулли он ба шумул мерафт.

Аз сӯи дигар, ба қавли наздикон, Султон Тӯраев ҳарчанд бо сиёсат сарукор надошт, аммо ба шеъру шоирӣ алоқаи зиёд дошт.

Сайфиддин Тӯраев собиқ номзади президентӣ аз олам даргузашт

“Чанд намунаи ашъори он кас низ нашр шудаанд, ки то ҷое дилу нарму дунёи шоиронаи он касро ошкор мекунад”, - гуфтанд онҳо.

Ҷанозаи марҳум асри имрӯз, 21 сентябр, дар қабристони Калламанораи шаҳри Истаравшан ба хок супурда шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ