12:43 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1314 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як марди 28-сола хабар медиҳад, ки баъди алоқаи ҷинси бо духтари ноболиғ боздошт шудаву барои раҳоияш аз ҷавобгарӣ пора пешниҳод кардааст

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод,  боздоштшуда сокини ҷамоати деҳоти Пули-Сангини шаҳри Норак, ки пеш бо моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 27-уми июли соли 2020, дар бӯстонсарои “Сомон-Плаза”, воқеъ дар суроғаи шаҳри Норак бо ноболиғдухтари 17-солаи сокини шаҳри мазкур алоқаи ҷинсӣ намудааст.
“Баъдан номбурда санаи 18-уми сентябри соли 2020 бо мақсади озод гардидан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ба кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар вилояти Хатлон ҳамчун пора 70 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ пешниҳод мекунад, ки ҳангоми додани пора аз ҷониби кормандони Прокуратураи вилояти Хатлон ва ШКҶ РВКД дар вилояти Хатлон дастгир карда шуд”,-афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 320 қисми 2, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Аммо ВУД дар бораи шахсияти боздоштшуда иттилои бештаре надодааст.

Мавзӯъҳои асосӣ