09:21 26 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
327 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи мудҳиши нақлиёти хабар медиҳад, ки дар пайи беэҳтиётии ноболиғ сар задааст

ДУШАНБЕ, 23 сен - Sputnik. Ба иттилои манбаъ, ҳодиса санаи 21-уми сентябри соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 17:10-дақиқа сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ноболиғ Ш.И., соли таваллудаш 2007, сокини ҷамоати деҳоти К.Исмоилов, бе ҳуҷҷати ронандагӣ автомашинаи тамғаи “Тайота-Фледер”-ро, ки ба амакаш Шамсов Алишер Қурбоналиевич тааллуқ дорад, гирифта, ҳангоми ҳаракат кардан дар деҳаи мазкур аз уҳдаи идора намудани автомашина набаромада, духтари амакаш, хурдсол Шамсова Оишамо Далеровна, соли таваллудаш 2018-ро пахш намудааст.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, хурдсол Шамсова Оишамо Далеровна ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

ВУД мегӯяд, ҳамзамон санаи  22-юми сентябр, тахминан соатҳои 22:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Старекс", Қушоқов Хушбахт Холмирзоевич, соли таваллудаш 1968, сокини ҷамоати деҳоти Ҷавкандаки шаҳри Истаравшан, аз уҳдаи идора намудани автомашина набаромада, дар назди манзили истиқоматиаш набераи ноболиғаш, Қушоқов Амир Давлатназарович, соли таваллудаш 2015-ро пахш намудааст.

Ҳалокати як ноболиғ ва ду ҷавон дар ду садамаи маргбор

Гуфта мешавад дар натиҷа, ноболиғ Қушоқов А.Д. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Барчаспҳо:
фавт, ноболиғ, садамаи маргбор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ