18:15 31 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
495 0 0

Раҳматзода Даврон, муовини сардори Бозрасии давлатии автомобилии (БДА) Суғд шоми гузашта бо иҷрои як амали фаврии худ, аз худкушии як донишҷӯдухтар дар Сирдарёи Хуҷанд пешгирӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Чанд нафар аз шоҳидони ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳудуди як соат пеш як донишдухтари тақрибан 18 сола ба қасди худкушӣ худро аз болои купрук (мост) ба дарё сарозер намудааст.

Раҳматзода, ки ин ҳангом барои иҷрои вазифаҳои хидматӣ аз болои купрук мегузашт манзари ғарқшавиро дида, фавран бо қойиқ ба маҳалли ҳодиса шитофта, донишҷӯдухтарро, ки дар ҳоли фурурафтан ба коми дарё буд, ҳамроҳ бо кормандони ситоди ҳолатҳои фавқуллода аз об зинда берун кашидаанд.

Фахриддини Аваззод, корманди БДА Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба маҳзи кӯшиши ҳамкораш Раҳматзода ва кормандони КҲФ дар Суғд, он духтарча аз вартаи худкушӣ раҳо шудааст.

“Агар Раҳматзода ва кормандони КҲФ фавран ба қаъри дарё намерасиданд, шояд ин донишҷӯдухтар ба ҳалокат мерасид. Худоро шукр, ки зинда монд ва аз худғарқкунӣ наҷот дода шуд”, иброз намуд, Аваззод.

Ба иттилоъи манбаъ, зимнан донишҷудухтарро ба Бемористони шаҳрии № 1 Хуҷанд интиқол додаанд ва баъди пурра ба худ омадан аз вай сабаби даст ба чунин амал заданашро пурсон мекунанд.

Хабарҳо дар бораи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон дар руду обанборҳо вақтҳои ахир зиёд ба нашр мерасад.

Фоҷиа дар Ғарм: модари ҷавон бо се фарзандаш худро ба дарё андохт

Субҳи имрӯз, дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон низ аз дарёфти ду ҷасад аз дарёи Вахш хабар дод.

Бар пояи эълони КҲФ зани 31 солаи сокини ноҳияи Ёвон рӯзи 27 сентябр ҳамроҳ бо духтарчаи 9 солааш ба коми дарёи Вахш задааст.

Барчаспҳо:
худкушӣ, наҷот, БДА, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ