06:45 30 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.11
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
136520

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон боз як ҷинояти собиқ фармондеҳи Фронти халқиро ошкор намудааст. Хӯҷа Командир дар сӯиқасд ба ҷони марди 22 - сола гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Ба иттилои котиботи ВУД Тоҷикистон, кормандони милитсия муайян намуданд, ки пешдастгиршуда марди 60-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қизил-Қалъаи ноҳияи Хуросон дар сӯиқасд ба ҷони  сокини 22 - солаи пойтахт даст доштааст.

Бино ба иттилои манбаъ, номбурда санаи 30-юми декабри соли 1992, тахминан соати 13:00, аз назди бинои истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи И.Сомонии шаҳри Душанбе марди 22-солаи (айни замон 50-сола) сокини кӯчаи Қазоқонро бо таҳдиди силоҳи оташфишон ба автомашинаи шахсиаш тамғаи “ВАЗ-2106” маҷбуран савор карда, ба соҳили дарёи "Вахш" бурда, қасдан бо мақсади куштан аз таппончаи тамғаи “Макаров” ба сӯи ҷабрдида тир холӣ кардааст.

“Дар натиҷа тир ба дасти номбурда расидааст, ки ӯ худро ба дарё партофтааст”,-афзудааст, манбаъ.

ВУД мегӯяд, оид ба ин ҷиноят аз тарафи Прокуратураи генералии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 15-104 таҳрири соли 1961, Кодекси ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем, ВКД дар гузоришҳои қаблиаш низ Хӯҷа Каримов, як фармондеҳи собиқи Фронти халқиро, ки моҳи феврал аз Дубай истирдод шуд, бидуни зикри номи ӯ "марди 60-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қизил-Қалъаи ноҳияи Хуросон" ном мебарад. 

ВКД ҷинояти мудҳиши соли 1993 дар Хуросонро ошкор кард: дар соҳили дарё парронданд

Хӯҷа Каримов яке аз бераҳмтарин фармондеҳони Фронти халқӣ ба шумор рафта, дар қатли даҳҳо нафар дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ айбдор мешавад.

Барчаспҳо:
парванда, ҷиноят, ВКД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ