07:47 27 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
520101

Раҷабзода Мунавари Махсуд, сардори нозироти андоз дар ноҳияи Деваштич бар асари садамаи нақлиётӣ ҳамроҳ бо ҳамсараш Маҳмудова Лайло Файзуллевна ба ҳалокат расидаанд

ДУШАНБЕ, 2 окт – Sputnik. Дар Бозрасии давлатии автомобили (БДА) и вилояти Суғд бо тайиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ин ҳодисаи фалокатбор дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Бӯстон – Чаноқ дар ҳудуди деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ рухдодааст.

Дар замоне,ки Раҷабзода ҳамроҳ бо ҳамсар ва писараш аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Деваштич бармегаштанд.

“Санаи 27 уми сентябри ҷорӣ, ронандаи воситаи нақлиёти “Дулан” рақами қайди давлатиаш ТJ 23 92 KM02 Давлатов Абдулло Ҳасанович, соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чаноқ дар километри 151 уми роҳ ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба самти муқобили роҳ баромада, ба нақлиёти воситаи “Хундай” рақами давлатиаш TJ 95 15 АС 01 таҳти идораи ронанда Раҷабзода Мунавар Махсуд, соли таваллудаш 1966 истиқоматкунандаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сардори нозироти андози ноҳияи Деваштич бар хурдааст.

 Бар асари ин ҳодиса ронандагони ҳарду автомашина ва мусофири автомашинаи Хундай, ҳамсари Раҷабзода, Маҳмудова Лайло Файзуллоевна, соли таваллудаш 1971 ҷароҳатҳои вазнин бардошта дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, гуфтанд аз БДА ба Sputnik Тоҷикистон.

Бино ба иттилоъи манобеъ, дар пайи ин ҳодиса мусофири автомашинаи “Хундай” Раҷабов Азизулло, писари 22 солаи Раҷабзода ва инчунин мусофири нақлиёти “Дулан” ноболиғ Давлатов Насим Дустмуродовичи 17 сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта ба Бемористони ноҳияи Айнӣ бистарӣ шудаанд.

Бар пояи маълумоти БДА дар моҳи сентябри соли 2020 дар ҳудуди роҳҳои вилояти Суғд, 31 садамаи роҳу нақлиётӣ сабт шудааст, ки дар натиҷаи рухдоди чунин ҳодисаҳои мудҳиш 19 нафар ба ҳалокат расида, 24 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

БДА дар вилояти Суғд аз ронандагон даъват мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо ҳушёр бошанд ва талаботҳои қоидаи ҳаракати воситаи нақлиёт риоя кунанд.

Барчаспҳо:
сардор, ҳамсар, ҳалокат, садама, Деваштич, андоз, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ