07:40 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
463 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон оид ба Маҳмурод Одинаев, муовини раиси ҳизби Сотсиал-демократи Тоҷикистон, ва хабарҳои ахиран паҳнкардааш изҳороти расмӣ дода, ӯро шахси моҷароҷӯ гуфтааст

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дар изҳороти вазорат омадааст, Одинаев Маҳмурод Шарифовичи 58 сола оилаи носолим дошта, дар ҷомеа ҳамчун шахси моҷароҷӯ шинохта шудааст ва пайваста ба бофтану паҳн намудани маводи бардурӯғ, иғвоангез бар зидди сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ машғул мебошад.

Вазорат хабари охири Маҳмурод Одинаев дар бораи латукӯбӣ писараш Ризоев Шайхмуслиҳиддин шоми 4-уми октябри соли равон дар назди тарабхонаи “Шоми Шӯроб”-и деҳаи Шӯроби ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисорро иғвои навбатии ӯ номидааст.

Ба иттилои манбаъ, писари Одинаев дар ҳолати сархушӣ бо дигар муштариёни тарабхона муноқиша намуда, мавриди латукӯб қарор гирифт ва ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ ба саломатӣ бардоштааст, ки оид ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Одинаев ҳамзамон санаи 5-уми октябри соли ҷорӣ хабар дод, ки мақомоти амниятӣ шаҳрванд Ҳакимов Алиҷон Ҷумъаевичи 18 соларо барои сафарбар намудан ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ боздошт шудааст, ки мубталои бемории рӯҳӣ мебошад.

Вазорат ин хабар комилан бардурӯғ дониста, гуфт, он танҳо барои паст намудани обрӯ ва манзалати мақомоти амниятӣ бофтаву пахш гардидааст. Зеро даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти мақомоти амният иртиботе надорад.

Ҳамзамон вазорат  хабари “рабуда” шудани писари Одинаев дар Русия аз сӯи мақомоти тоҷикро тӯҳмат ва дурӯғ номида гуфтааст, маълум гашт, ки писараш Одинаев Ҳ.М. бо ҷурми вайрон кардани қоидаҳои буду боши шаҳрвандони хориҷӣ аз тарафи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия ба муддати 10 шабонарӯз боздошт гардидааст.

Тибқи изҳороти вазорат, Одинаев марги муқаррарии модараш Ҳабибуллоева Муҳаббатро, ки 27 сентябри соли 2020 дар синни 83 солагӣ вафот кард, тобиши сиёсӣ дода, дар байни атрофиён овоза паҳн намуд, ки аз тарси эҳтимолияти боздошти писараш (яъне худаш) аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон вафот кард.

Ин ниҳод гуфтааст, нисбат ба номбурда соли 2012 аз пулиси ноҳияи Рӯдакӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, писараш Ризоев Суннатулло Маҳмуродовичи 33 сола низ бо дастрасии моддаи 110 қисми 3 банди “в” ба муҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст.

Барчаспҳо:
изҳорот, ВКД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ