ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, 8-уми октябри соли равон, тахминан соати 12:40, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Норов Мирзодавлат, сокини 29-солаи ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоеви ноҳияи Спитамен аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба ду мошин бархӯрдааст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки Норов дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ" дар километри 270-ум, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромадааст. Дар натиҷа ба автомашинаи дигари тамғаи "Опел-Астра", таҳти идораи ронанда Сафаров Худойқул, соли таваллудаш 1964, сокини шаҳри Истаравшан, барӯрдааст.
ВУД илова намуд, ки "Опел"-и таҳти идораи Норов баъди бархӯрд бо "Опел"-и дигар бо "Тойота-Королла Версо", таҳти идораи Тураев Сарвар, соли таваллудаш 1997, бархӯрдааст.
"Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" Азизова Дилфуза, соли таваллудаш 1986, сокини ҳамин ноҳия, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар иттилоия.
Қаблан навори садамаи се мошин дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд.
ВУД таъкид кард, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.