Жээнбеков фармони истеъфои сарвазир ва ҳукуматро имзо кард

© Пресс-служба президента КР / Султан ДосалиевПрезидент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳамин ҳол, ҳамаи аъзои ҳукумати Қирғизистон иҷрои вазифаҳои худро то ташкили ҳайати нави вазирон идома медиҳанд

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков фармони истеъфои ҳукумати кунунӣ таҳти сарварии сарвазир Қуботбек Бороновро имзо кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков  - Sputnik Тоҷикистон
Президенти Қирғизистон гуфт, омодааст истеъфо диҳад

Гуфта мешавад, ки Боронов ва инчунин ҳамаи мансабдорони воломақоми ҳукумат, то ташкили кобинаи нави вазирон хизматро идома медиҳанд.

Қаблан, Жээнбеков пароканда шудани ҳукумати кунуниро яке аз шартҳои ба эътидол овардани вазъи ташаннуҷи сиёсӣ дар кишвар номид.

Сардори давлат таъкид кардааст, ки ӯ омода аст дар ҳама гуна самтҳо "барои фароҳам овардани заминаи қонунии таъиноти нав" дар кобинаи худ кумак кунад. Ӯ инчунин аҳамияти бекор кардани натиҷаҳои интихоботи гузашта ва баргузории овоздиҳии навро қайд кардааст.

Инчунин, Сооронбай Жээнбеков ошкоро омодагии худро барои тарк кардани вазифаи курсии президентӣ танҳо пас аз тасдиқи роҳбарони қонунии мақомоти иҷроия эълон кард.

Ӯ ҳамзамон гуфт, ки кишвар бояд роҳи қонуниятро пеш гирад ва қайд кард, ки вазъи сиёсии ҷумҳурӣ ба як нуқтаи ногувор расидааст.

Истеъфои сарвазир ва раиси парлумони Қирғизистон дар меҳмонхона

Ёдовар мешавем, интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон рӯзи 4 октябр баргузор шуд. Аммо як рӯз пас аз баргузории интихобот, шаҳрвандони норизо ба по хестанд. Дар майдони марказии Ала-Тоо аз се то чаҳор ҳазор нафар тарафдорони ҳизбҳое, ки ба парлумон роҳ наёфтанд, ҷамъ омаданд.

Раисҷумҳури Қирғизистон эълон кард барои музокира бо мӯътаризон омодааст

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ин кишвар, дар задухӯрдҳо тақрибан 700 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳамчунин як фавт низ ба қайд гирифта шудааст.

Ба ҳамин минвол, рӯзи 6 - и октябр КМИ ҶҚ натиҷаи интихоботи парлумониро беътибор эълон кард.

 

Лентаи хабарҳо
0