Тирпаронӣ ба мошини зиреҳпӯши Отамбоев: собиқ президент аз сӯиқасд гуфт-видеоҳо

© © Sputnik / Табылды КадырбековБывший президент КР Алмазбек Атамбаев
Бывший президент КР Алмазбек Атамбаев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Алмосбек Отамбоев, собиқ раисиҷумҳури Қирғизистон, ки ахиран аз ҷониби муътаризон аз маҳбас озод карда шуд, ҳадафи тирпаронӣ қарор гирифт

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Отамбоев дар пайи тирпарони охир дар майдони Ала-Тоо осеб надид. Ӯ осори тирҳоро дар мошини зиреҳпӯши “Мерседес” нишон дод.

Навори собиқ раисиҷумҳури Қирғизистонро мушовираш Кундуз Жолдубоева дар саҳифаи фейсбукияш нашр кардааст.

Отамбоев дар ин навор мегӯяд, “бинед, ки чигуна осори тирпаронӣ дар мошини зиреҳпӯш боқӣ монданд. Маълум, ки ин тирҳои резинӣ нестанд. Ин Mercedes – мошини олмонӣ, онро шикоф кардан ғайриимкон аст”, - гуфт Отамбоев.

Ба суоли ёрдамчӣ, ки оё фикр мекунад ин сӯиқасд буд, Отамбоев ҷавоб дод, ки “а худат чӣ фикр мекунӣ. Бо тирҳои ҷангӣ ба мошин холӣ карданд”.

Дар як навори дигар Отамбоев изҳор  медорад, ки дар бораи ин сӯиқасд ҳанӯз рӯзи гузашта хабар дошт.

Лентаи хабарҳо
0