Алмосбек Отамбоев, президенти собиқи Қирғизистон дигарбора боздошт шуд-видео

© © REUTERS / VLADIMIR PIROGOVБывший президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев и его сторонники присутствуют на встрече с журналистами в селе Кой-Таш близ Бишкека. 27 июня 2019 года
Бывший президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев и его сторонники присутствуют на встрече с журналистами в селе Кой-Таш близ Бишкека. 27 июня 2019 года - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Алмосбек Отамбоев, собиқ  президенти Қирғизистон, ки ба даст доштан дар чанд ҷиноят муттаҳам мешавад, дубора боздошт шуд

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Президенти собиқи Қирғизистон дубора боздошт шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар.

Сторонница кандидата в премьер-министра Киргизии Садыра Жапарова у здания правительства в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон
Хаймазанӣ ва эътирозҳои густурда дар Қирғизистон - акс
Сиёсатмадор дар доираи парвандаи ҷиноӣ оид ба далели ташкили бетартибиҳои оммавӣ дар Бишкек боздошт шуд.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ду муҳофизи ӯ Дамир Мусакеев ва Канат Сагинбоев низ боздошт шудаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бошад аксе пайдо шуд, ки нишон медиҳад, чӣ гуна ҳамсари Алмосбек Отамбоев, Раиса Отамбоева, инчунин писаронашон Қодир ва Сейидро боздошт кардаанд, аммо дар бораи вазъи онҳо то ҳол тафсилоте нест.

Ёдовар мешавем, президенти собиқи Қирғизистонро тарафдоронаш шаби 6 октябр ҳангоми бетартибиҳои пас аз интихоботи парлумонӣ озод карданд.

Президенти Қирғизистон гуфт, омодааст истеъфо диҳад

Алмосбек Отамбоев бо иттиҳоми раҳоии ғайриқонунии ҷинояткори ашадӣ Азиз Батукаев боздошт шуд, илова бар ин, алайҳи ӯ парвандаҳои ҷиноии қаллобӣ низ боз шуданд.

Лентаи хабарҳо
0