Фоҷеа: мошини соҳибкори истаравшанӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд бо чуқурии 700-метра афтид

© Компания IRSКамнепад перекрыл движения по трассе Душанбе-Худжанд
Камнепад перекрыл движения по трассе Душанбе-Худжанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино бар иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, мутаассифона ронанда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки як соҳибкори истаравшанӣ ҳангоми бозгашт аз Душанбе фоҷиабор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ба ҳалокат расидааст.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти сардори нозироти андози ноҳияи Деваштич ҳамроҳ бо ҳамсараш дар садамаи нақлиётӣ
Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 9-уми октябр, тахминан соати 21:30 рух додааст.

"Ронандаи "Тойота Прадо", Ҳабибуллоев Ҳасан, 34-сола, соҳибкор, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат аз самти Душанбе ба самти шаҳри Истаравшан, дар ҳудуди мавзеи "Тагоби Хушекат-и ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идораи автомашина набаромад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Дар натиҷа, худрави ронанда ба канори рости роҳ баромада, ба ҷарии чуқуриаш тахминан 700 метр чаппа шудааст. 

Бар асари ин ҳодиса, Ҳабибуллоев Ҳасан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Нохушӣ дар оилаи Ҳошимов: ҳалокати ду бародар дар пайи садама дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд"

Ҳамин тавр, тибқи иттилои ВКД Тоҷикистон, тайи як рӯзи ахир дар роҳҳои Тоҷикистон 4 садамаи нақлиётӣ рух дода, ҷони 4 кас, аз ҷумла як ноболиғро рабудааст.

Лентаи хабарҳо
0