15:55 30 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.11
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
168 0 0

Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко аз номи палатаи болоии парлумони Русия Эмомалӣ Раҳмонро бо пирӯзӣ дар интихоботи президентии Тоҷикистон табрик гуфт

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik.  Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко аз номи палатаи болоӣ ва аз номи худ Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати дубора интихоб шуданаш ба вазифаи Президенти Тоҷикистон табрик намуда, қайд кард, ки ислоҳоти бомуваффақият дар кишвар ба ӯ эътимоди қавии аҳолӣ фароҳам овард.

"Ғалабаи боэътимод дар интихобот на танҳо тасдиқи эътибори сиёсии бебаҳси шумо, эътирофи васеи шоистаи шумо ҳамчун сарвари давлат, балки инчунин далели эътимодбахши дастгирии саросари кишвар барои таҳкими суботи дохилии сиёсӣ, иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон мебошад",- омадааст дар телеграммаи Матвиенко.

Ба гуфтаи Матвиенко, маҳз дигаргуниҳои бомуваффақият дар Тоҷикистон ба Раҳмон эътимоди қавии бахшиданд.

"Русия саҳми шуморо дар рушди робитаҳои парлумонии Русия ва Тоҷикистон баланд арзёбӣ мекунад", - афзудааст ӯ.

Тибқи натиҷаҳои пешакии Комиссияи марказии интихобот, иштироки интихобкунандагон 85,3 фоизро ташкил дод, дар маҷмӯъ 4.221.076 миллион сокини Тоҷикистон барои овоздиҳӣ ба президент омадаанд.

"Ба хонааш файз дарояду набарояд" – вокуниши рақибон ба пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон

Президенти кунунии Тоҷикистон Эмамоли Раҳмон дар интихобот бо бартарии васеъ пирӯз шуд.

Зиёда аз 3,8 миллион шаҳрвандон бо ҷонибдорӣ аз ӯ овоз додаанд.

Барчаспҳо:
Валентина Матвиенко, Раҳмон, интихобот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ