05:09 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
606 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури тозаинтихоби кишвар бо сафари корӣ озими шаҳри Хуҷанд шудааст

ДУШАНБЕ, 15 окт— Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент,  Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар чорабиниҳо бахшида ба 700-солагии зодрӯзи шоири тоҷику форс Камоли Хуҷандӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд истиқбол гирифтанд, афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафар дар чорабиниҳои сатҳи байналмиллалӣ ба ифтихори 700-солагии зодрӯзи шоири классики тоҷику форс Камоли Хуҷандӣ ширкат варзида, бо сокинони вилоят суҳбату мулоқотҳо анҷом медиҳанд.

Раҳмон пас аз интихобот ҷараёни сохтмони НБО “Роғун”-ро тафтиш кард

Гуфта мешавад, ҳамзамон раисиҷумҳур як қатор корхонаҳои саноатиро ифтитоҳ бахшида, барои сохтмони иншооти нав санги асос мегузоранд ва бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ шинос мешаванд.

Ёдовар мешавем, раисиҷумҳурмоҳи гузашта низ ба навоҳии шимоли кишвар ташриф оварда, як қатор корхонаҳоро ифтитоҳ кардаву бо мардум мулоқот карда буд.

Мавзӯъҳои асосӣ