05:31 06 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
509 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи беэҳтиётӣ як сокини ноҳияи Файзобод фарзанди худро пахш кардааст

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 14-уми октябр, тахминан соати 17:00  сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, Мирзошарифов Илҳомиддин Бовабеговичи 31-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод ҳангоми ҳаракат кардан аз майдончаи бозори “Хайри” ба самти маркази ноҳияи Файзобод бехатарии ҳаракати роҳро таъмин накарда дар майдончаи бозори мазкур духтари хурдсолаш, Бовабекзода Назираи Илҳом, соли таваллудаш 2019, сокини ҳамон ҷоро пахш намудааст.

Ду садамаи маргбор дар як рӯз: дучархарон ва ноболиғ ҷон доданд

Манбаъ мегӯяд, хурдсол дар натиҷа ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВУД мегӯяд, аз руи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Барчаспҳо:
Файзобод, садама, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ