Ҷазои Шаҳло барои фиреби Дилфуза: фарзандонатро ба хориҷа барои таҳсил мефиристам гуфт

© Sputnik / Anar MustafayevДевушка в наручниках, фото из архива
Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе зодаи пойтах Табарова Шаҳло Шарифхоҷаевнаи 44-соларо барои қаллоби наздики сад ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Табарова Шаҳло тахминан моҳҳои апрел-майи соли 2019 бо шаҳрванд Сангинова Дилфуза Юсуфовна, ки хоҳараш дар ҳамсоягиаш, истиқомат мекунад вохӯрда, зимни сӯҳбат шаҳрванд Сангинова Дилфуза тибқи квота оиди дохил намудани духтараш ба Донишгоҳи давлатии Озарбойҷон ва писараш ба Донишгоҳи давлатии Қазоқистон гуфтааст.

Конверт с долларовыми купюрами. - Sputnik Тоҷикистон
Се бор маҳкумшуда барои қаллобӣ боз дастгир шуд

Манбаъ мегӯяд, Табарова Шаҳло аз фурсати бо худ муносиб истифода бурда, бо мақсади ба боварии охирин даромадан иброз намудааст, ки писараш дар Донишгоҳи давлатии Қазоқистон муддати 5 сол мешавад, ки таҳсил мекунад, вале духтараш ба воситаи Маркази барномаҳои байналмилалӣ имтиҳон супорида ва ӯ бо директори Маркази мазкур шиносоӣ пайдо кардааст ва метавонад ба воситаи охирин писар ва духтари ӯро бар ивази маблағи пулӣ дар донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дохил намояд.

Ба иттилои манбаъ, Табарова Шаҳло баъди пурра ба боварии Сангинова Дилфуза даромадан, дарҳол аз номбурда тибқи квота барои дохил намудани духтараш дар Донишгоҳи давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон маблағи 7000 доллар ва барои писараш тибқи квота барои дохил намудан дар Донишгоҳи тиббии Қазоқистон 4000 доллари талаб намудааст.

Гуфта мешавад,Табарова Шаҳло нахуст бо баҳонаи банд намудани ҷой тибқи квота барои дохил намудани духтари Сангинова 1000 доллари гирифта, онро тасарруф намуда ва таъкид кардааст, ки ҳуҷҷатҳои духтарашро тайёр карда оварда ба ӯ диҳад.

Mercedes-Benz. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ваъда дод аз Латвия “Мерседес” меорад: боздошти марди 38-сола барои қаллобӣ

Ӯ, боз кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, барои дохил намудани духтари Сангинова Дилфуза тибқи квота дар Донишгоҳи давлатии Озарбойҷон 2000 доллари гирифта тасарруф намуда ва ҳуҷҷатҳои тайёр намудаи духтарашро гирифта, ваъда додааст, ки ҳуҷҷатҳои мазкурро дар Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” месупорад.

Ҳамин тариқ, Табарова Шаҳло тибқи ваъдаҳои пешинааш, ки писари Сангинова Дилфузаро бояд ба Донишгоҳи тиббии Қазоқистон дохил мекунад, 4000 доллар гирифтааст

Ҳамин тариқ, Табарова Шаҳло бо духтараш дар умум маблағи 7000 доллари Сангинова Дилфузаро бо роҳи қаллобӣ тасарруф намуда, ба манфиати ў ягон амалро иҷро накардаанд, афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, Табарова Шаҳло зимни баррасии додшгоҳӣ гунаҳошро пурра ба душ гирифта гуфтааст, зарарро пурра барқарор кард ва хоҳиш кардааст, ки ҷазои сабуктар ба ӯ таъйин кунанд.

Додгоҳ дар пайи баррасси парванда, ба ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 1460 (як ҳазоручорсаду шаст) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 84680 (ҳаштоду чор ҳазору шашсаду ҳаштод) сомонӣ ба фоидаи давлат, муайян таъин намуда, ӯро раҳо кардааст.

Лентаи хабарҳо
0