20:04 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.54
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
6132 0 0

Диловари Зуҳуриён, оҳангсози шинохтаи тоҷик, муаллифи оҳангҳои маъруфи эстрадаи муосири Тоҷикистон шаби гузашта бар асари садамаи нақлиётӣ ҷон додааст

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Зуҳуриён, ки муаллифи оҳангҳои маъруф, ба монанди "Дили дардманд" дар иҷрои Манижа Давлатова ва "Модар" дар иҷрои Сироҷиддини Фозил буд, дар роҳи Ваҳдат бо мошини боркаш бархӯрдааст. Оҳангсоз бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона ҷон додаст.

Наздикони оҳангсоз дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд, ки Диловар Зуҳуриёни 46-сола як рӯз пеш тӯйи домодӣ доштааст. Ин дуюмин издивоҷи оҳангсоз буд. Гуфта мешавад, ки дар пайи садама як нафари дигар низ ҷон додааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон то ҳол расман ин садамаро шарҳ надодааст.

Муҳаммад Ғоиб, шоири шинохтаи тоҷик, дар сӯги марги Зуҳуриён навиштааст: 

Мағлуб зи марг шуд Диловар,
Дигар бикунам ба аҷз бовар.

Ҳунармандони дигар низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳунари худододи Диловар Зуҳуриён тавсиф карда, барои аҳли байташ изҳори ҳамдардӣ намудаанд.

Зуҳуриён барои ситораҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Сурайё Қосимова, Шабнами Сурайё, Манижа Давлатова, Садриддини Наҷмиддин ва дигарон оҳанг эҷод мекардааст. Маросими видоъ бо Зуҳуриён имрӯз дар ноҳияи Данғара дар назар аст.

Барчаспҳо:
ҳалокат, садама, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ