10:47 05 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
220910

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар мошин ҳамроҳ бо оҳангсоз овозхон Диловари Зуҳуриён боз як нафари дигар ҳузур дошт, ки низ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон садамаи маргбор санаи 19-уми октябри соли равон, тахминан соати 01:00 шаб рӯх додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи худрави "Мерседес-бенс", Зуҳуров Диловар Тағоймуродович, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат дар роҳи "Душанбе-Ваҳдат-Кулоб", дар ҳудуди деҳоти Бурунови шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада ба боркаши "Шакман", бархӯрдааст.

Мошини боркаш таҳти идораи Орифов Бахтиёр Ибрагимович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Рӯдакӣ будааст.

"Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-бенс", Зуҳуров Д.Т ва мусофираш Зокиров Искандар Ҷобирович, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки аз руи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки Диловари Зуҳуриён, оҳангсози шинохтаи тоҷик, муаллифи оҳангҳои маъруфи эстрадаи муосири Тоҷикистон мебошад.

Зуҳуриён барои ситораҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Сурайё Қосимова, Шабнами Сурайё, Манижа Давлатова, Садриддини Наҷмиддин ва дигарон оҳанг эҷод кардааст.

Барчаспҳо:
ҳалокат, нақлиётӣ, садама, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ