08:17 25 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.41
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
229 0 0

Созмони “Speedtest Global Index” Тоҷикистонро дар раддабандии ҷадидаш аз рӯи суръати интернети мобилӣ дар ҷойи 127 ва аз руйи интернети ноқилӣ дар зинаи 90 қарор додааст, ки нисбат ба нишондодҳои аввали сол 6 зина боло рафтааст

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Тибқи раддабандии ҷадиди “Speedtest Global Index”, ки бар асоси нишондодҳои моҳи сентябр таҳия шудааст, суръати интернети мобилӣ дар Тоҷикистон пасттарин, миёни 138 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 127 қарор гирифтааст.

Дар гузориши “Speedtest Global Index”, суръати интернети мобилии Тоҷикистон, барои боргирӣ 13,08 Мбит дар сония  ва барои боргузорӣ 5,80 Мбит дар сония  арзёбӣ шудааст. Дар ҳоле ки суръати миёнаи интернети мобилӣ дар ҷаҳон 23,8 Мбит ва баландтарин 83,52 Мбит/сония баҳогузорӣ шудааст.
Ин гузориш инчунин интернети ноқилиро низ фаро гирифтааст, ба пояи он Тоҷикистон миёни 175 кишвар дар зинаи 90 қарор гирифтааст. Бар пояи гузориш дар Тоҷикистон боргирӣ тавассути интернети ноқилӣ 34,68 Мбит дар сония ва боргузорӣ бошад 33,31 Мбит  дар сонияро ташкил медиҳад.

Бар пояи гузориш аз лиҳози интернети ноқилӣ Тоҷикистон сар аз аввали сол 19 зина боло рафта, мавқеашро беҳтар кардааст.

Миёни кишварҳои ИДМ Русия дар зинаи 88, Қазоқистон дар ҷойи 101-ум, Қирғизистон - 103-ум ва Ӯзбекистон - 125-ум мебошанд. Русия ҳамзамон аз лиҳози интернети ноқилӣ аввал буда, дар зинаи 46 қарор гирифтааст.   Қазоқистон бошад дар мақоми 67, Қирғизситон - 74 ва Ӯзбекистон дар ҷойи 96-умро ҷой гирифтаанд.

Хадамоти алоқа гуфт, чаро нархи интернет гарону суръаташ суст аст

Дар садри ҷадвали раддабандӣ аз рӯйи интернети мобилӣ Кореяи Ҷанубӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Чин ҷой гирифтаанд. Сингапур, Ҳонконг ва Руминия бошанд аз рӯйи интернети ноқилӣ дар се зинаи аввали раддабндӣ қарор гирифтаанд. Зинаи охири радабандиро Судон, Венесуэлла соҳиб шудаанд.

Барчаспҳо:
Раддабандӣ, суръат, интернет, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ