15:31 30 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
477 0 0

Силоҳбадаст, ки ба биноги яке аз бонкҳои Гурҷистон ворид шуда, 19 нафарро гарав гирифт, акнун бар ивази раҳо кардани онҳо 500 ҳазор доллар талаб дорад

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар Зугдиди Гурҷистон марди мусаллаҳ дар бинои бонк 19 нафарро гарав гирифт, хабар медиҳад Sputnik Гурҷистон.

Ба иттилои манбаъ, миёни гаравгонон ҳам кормандони бонк ва ҳам муштариёни бонк қарор доранд.

Гуфта мешавад, аксари кормандони бонк, ки утоқи корияшон дар ошёнаи сеюм буд, тавонистанд тавассути боми бино ба берун бароянд. Силоҳбадаст 19 нафарро дар ошёнаи якум банд намудаст.

Анна Шония, яке аз кормандони бонк, ки тавонистааст аз бино берун равад, ба Sputnik Гурҷистон қазияро чунин шарҳ дод:

"Вақте ки ғоратгар ворид шуд, ман ба мизоҷ хидмат мекардам. Ӯ чанд маротиба тир холӣ кард ва дод зад, ки ин дуздӣ аст ва мо бояд рӯи фарш рост шавем. Дар ёд надорам, ки чӣ гуна ба берун баромадам. Зоҳиран, касе маро берун овард ... Меҳмононе буданд, ки интизори хидмат буданд, аммо, то ҷое ки ман медонам, шаҳрвандони калонсол озод карда шуданд. Кормандони филиал 58 нафарро ташкил медиҳанд", - гуфт ин намояндаи бонк.

Бар ивази раҳо кардани гаравгонҳо, силоҳбадаст 500 ҳазор долларро талаб мекунад. Ӯ автомату норинҷак мусаллаҳ аст.

Мавзӯъҳои асосӣ