00:52 05 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
111101

Чун дари пиразан чанд рӯз боз маҳкам буд, ҳамсояҳои ӯ ба дафтари КҲФ тамос гирифта, дархост намуданд, ки имдодгарон омада, дари бастаи зани 69 - соларо боз кунанд

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз дарёфт шудани ҷасади зани 69 - сола дар манзили зисташ хабар медиҳад.

Талафоти бузург дар фурудгоҳи Хуҷанд: Абдумалик Ҳафизов, муовини сартабиб даргузашт

Ба иттилои котиботи кумитаи мазкур, ҳамсояҳои кампири 69 - солаи рус ба идораи КҲФ тамос гирифта, изҳор доштанд, ки дари ҳамсояи пирашон чанд рӯз боз маҳкам аст.

"Ҳамсояҳо аз он бим доштанд, ки пиразан шояд мариз шуда бошад. Ӯ танҳо ба сар мебурд", - таъкид мешавад дар хабар.

Зимнан, наҷотбахшон ба маҳалли ҳодиса, кӯчаи Деҳоти 58 ҳозир шуда, дари пиразани танҳоро тавонистанд кушоянд. Аммо, аснои ворид шудан ба хонаи ӯ, ҷисми беҷонашро дар рӯи кати хоб пайдо намуданд.

Манбаъ меафзояд, иллати марги пиразан номаълум буда, наҷотбахшон ҷасадашро барои дақиқ намудани сабаби фавт, ба мақомоти марбута таслим намуданд.

Барчаспҳо:
ҳалок, пиразан, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ