05:40 03 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
693 0 0

Қаблан Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон низ гуфта буд, ки то ҷасади Гулмурод Ҳалимовро набинад ба марги ӯ боварӣ ҳосил намекунад

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Дар пасманзари сару садоҳо дар мавриди фавти Гулмурод Ҳалимов собиқ фармондеҳи ОМОН - и ВУД Тоҷкистон, ки фирорӣ шуда буд, СММ ӯро ба феҳрасти афроди таҳти таҳрим қарордошта, шомил намуд, хабар медиҳад "Парс тудей".

Ба иттилои манбаъ, дар рӯйхати мазкур ҳар шаш моҳ номи афроде, ки мутааллиқ ба шабакаи Алқоида ва ё гурӯҳи террористии ДОИШ мебошанд, нашр мешавад. Ин навбат ҳам дар мобайни номҳои афроди таҳти таҳрим қароргирифта, исми Гулмурод Ҳалимов низ зикр шудааст.

Бояд гуфт, генерал Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон то кунун чанд бор эълом кардааст, ки дар расонаҳо борҳо хабарҳое аз кушта шудани Ҳалимовро мушоҳида карда вале то замоне, ки ҷасади ӯро ба чашми хеш набинад, марги Ҳалимовро бовар нахоҳад кард.

Ҳалимов ҳамоно дар сархати афроди таҳти пайгарди ВУД Тоҷикистон

Раҳимзода чанде моҳ қабл зимни нишасти хабарӣ гуфт, иттилоъ дарёфт намуданд, ки Ҳалимов дар пайи як амалиёти махсус кушта шудааст. Вазир афзуд, дар мавриди Ҳумайро Мирова, собиқ корманди Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва ҳамсари Ҳалимов, ки баъдан бо ӯ пайваст, феълан иттилое рӯи даст надоранд.

Вазорати мудофиаи Русия моҳи сентябри соли 2017 хабар дода буд, ки дар шаҳри Дайруззори Сурия дар натиҷаи ҳамлаҳои қувваҳои ҳавоии Русия собиқ фармондеҳи ОМОН-и ВУД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов кушта шуд.

Гулмурод Ҳалимов сарҳангу фармондеҳи пешини нерӯҳои таъиноти махсуси ВУД Тоҷикистон буд, ки соли 2015 аз Тоҷикистон фирор карду ба гурӯҳи тундрави ДОИШ пайваст. Пас аз он ки вай дар паёме видеоӣ пайвастанаш ба ДОИШ-ро эълом кард.

Мавзӯъҳои асосӣ