13:13 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
709 0 0

Интизор меравад, ки нахустин парвоз байни пойтахтҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон охири моҳи октябр анҷом дода шавад

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои барқарор кардани парвозҳо миёни Тошканд ва Душанбе ба мувофиқа расидаанд, менависад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба Вазорати нақлиёти ин кишвар.

Тибқи маълумоти пешакӣ, нахустин парвози ҳавопаймоҳо байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рӯзи 28 октябр сурат мегирад.

Парвозҳо аз Тошканд ба Душанбе ҳафтае як маротиба рӯзҳои чоршанбе анҷом дода мешаванд.

Ҳавопаймоҳо ҳафтае як маротиба рӯзи панҷшанбе аз пойтахти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон парвоз хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ки қаблан Тоҷикистон аз 1 июл барқарор кардани парвозҳо бо бархе шаҳрҳои Ӯзбекистонро барномарезӣ карда буд, аммо ба далели вазъи ноустувори эпидемиологӣ, ин тасмим боздошта шуд.

Барчаспҳо:
парвоз, Ӯзбекистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ