00:46 05 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
Заминларза дар Тоҷикистон (25)
1098 0 0

Бомдоди 26 октябр дар шимоли Тоҷикистон заминҷунбӣ ба амал омад, ки Фарғонаи Ӯзбекистон ва Ботканди Қазоқистонро низ такон дод

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Миёни Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон заминларзаи 4,6 баллӣ ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Маркази зилзиласанҷии Баҳри Миёназамин ва Урупо.

Заминҷунбӣ имрӯз соати 8:10 дақиқаи субҳ ба вақти Душанбе рух дод. Маркази заминларза дар умқи 10 километр ҷойгир шуда буд.

Маркази заминларза 16 километр дуртар аз қишқоли Қарокенҷи вилояти Суғд ва 125 километр дуртар аз Фарғонаи Ӯзбекистон ҷойгир шудаааст.

Ин заминҷунбиро ҳамчунин сокинони Ботканд ва Ӯши Қирғизистон низ эҳсос карданд.

Дар бораи талафоти ҷонию молӣ дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон хабар дода нашудааст. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар ин бора то ҳол чизе нагуфтааст.

Душанберо заминларза такон дод

Ёдрас мешавем, ки пештар рӯзи 16 октябр соати 15:10 бо вақти маҳаллӣ 295 километр ҷанубу шарқтар аз Душанбе зилзилаи 5 - баллӣ рух дода буд.

Мавзуҳо:
Заминларза дар Тоҷикистон (25)
Барчаспҳо:
заминҷунбӣ дар Тоҷикистон, заминҷунбӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ