05:43 27 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1501 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз дастгир шудани сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҷурми одамкушӣ, хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, номбурда, рӯзи 21-уми октябр, дар бозори воқеъ дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Хуҷанд, бо марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исфисор вохӯрдааст.

Онҳо дар яке аз ошхонаҳои бозори "Панҷшанбе" хӯрок ва нӯшокии спиртӣ истеъмол намуда, дар ҳолати мастӣ ба хонаи истиқоматии марди 38-сола рафтаанд.

Боздошти Муминов барои қатли тағои 70-солааш: хонаро ба ӯ нею ба додараш додааст-видео

Ба иттилои ВКД, дар аснои даъвои маблағи пулӣ муноқиша ба миён омадааст, ки марди 38-сола аз анборхонааш табарро гирифта, 3 маротиба ба гардан ва сари марди 32-сола задааст.

"Дар натиҷа, номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии  Тоҷикистон оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
боздошт, ВКД, Суғд, куштор

Мавзӯъҳои асосӣ