18:45 29 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
484 0 0

Муовини сармуҳаррири маҷаллаи “Авиапанорама”, генерал-майор, Ҳавонаварди шоистаи ҳарбии Федератсияи Россия, номзади илмҳои техникӣ Владимир Попов гуфт, ки фурудгоҳҳои кишварҳои ИДМ барои кушодани ҳаракати ҳавоӣ то куҷо омодаанд

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар мавриди азсаргирии парвозҳо байни Тошканд ва Душанбе ба созиш расиданд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, нахустин парвози ҳавопаймоҳо байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рӯзи 28 октябр сурат мегирад.

Попов гуфт, ки эҳёи парвозҳо дар дохили ИДМ дурнамои рафъи бӯҳрон дар нақлиёти ҳавоиро боз мекунад.

Владимир Попов ба Sputnik Тоҷикистон гуфт: "Танҳо манъ кардан, бастани марзҳо лозим нест, бояд назорат ва сармоягузорӣ кард, то амнияти умумиҷаҳониро таъмин кунед". Ба гуфтаи мутахассис, вазъи мавҷуда имкон медиҳад, ки ҳаракати ҳавоӣ дубора барқарор карда шавад, зеро ташхиси коронавирус муайян,  ваксина аллакай сохта шудааст ва  нақшаи табобати ин беморӣ мавҷуд аст.

Номбурда илова кард, ки иқтисодиёт ба тамоми соҳаҳои ҳаёт таъсир мерасонад.

Тоҷикистон боз аз рӯйхат берун монд: Русия бо 4 давлати дигар парвозҳо барқарор кард

Барои барқарор кардани кори ҳамаи сохторҳо, риояи тамоми чораҳои зидди эпидемия зарур аст, гуфт коршинос.

Ёдовар мешавем, дар пайи ҳамагирии коронавирус кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон марзҳояшонро ба хотири ҷилавгирӣ аз ин беморӣ бастанд.

Барчаспҳо:
фурудгоҳҳо, коршиносон, парвозҳо, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ