Соҳибаш дар шаҳр нест: қурутобхонаи машҳури "Зарафшон" пурра сӯхт? -видео

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкСотрудник МЧС во время учений
Сотрудник МЧС во время учений  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби сӯхтори қурутобхонаи "Зарафшон", воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони марбути ноҳияи Рӯдакиро таҳқиқ мекунад

ДУШАНБЕ, 31 окт – Sputnik. Шӯҳрат Тағоймуродзода, сухангӯи сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вазорати корҳои дохилӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин сӯхтор ҳаволии соати 2 – и шаб иттифоқ афтода, ҳоло муфаттишон таҳқиқи мекунанд.

“Бино ба иттилои қаблӣ, дар пайи ин сӯхтор қурутобхона ва ҳам манзили истиқоматии соҳибкор, ки дар қафои қурутобхона воқест, зарар дидаанд. Тафтишот идома дорад, ба ҳамин зудӣ тафсилот тариқи сомонаи вазорат ироа хоҳад шуд”, - гуфт Шӯҳрат Тағоймуродзода.

Дар ҳамин ҳол, шоҳидони ҳодиса мегӯянд, қурутобхона пурра ба коми оташ рафта, манзили соҳибаш низ зарари ҷиддӣ дидааст.

Российские военные в Таджикистане потушили пожар  в жилом доме на окраине Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
ВУД хисороти сӯхтор дар бозори “Деҳқон”-ро муайян кард

“Худ соҳибони қурутобхона аз сӯхтор дер огоҳ шуда, хадамоти сӯхторнишониро низ дер огоҳ кардаанд. Вақте хабар меёбанд, ки оташ бинои қурутобхонаро пурра хароб карда, ба манзили истиқоматии онҳо гузашта буд. Ҳатто як дӯкони шафати қурутобхона, ки бо маводи пластикӣ сохта шудааст, низ тахриб ёфтааст”, - гуфт яке аз шоҳидон ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба қавли шоҳиди дигар, соҳиби қурутобхона ба номи Наҷмиддин замони сӯхтор дар Душанбе қарор надоштааст.

“Ӯ пайи корҳояш берун аз шаҳр аст”, - гуфт ин нафар.

Аз наворҳое ҳам, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шудаанд, дида мешавад, ки қурутобхонаи “Зарафшон” сахт осеб дида, колоҳои дохили он ба берун кашида шудаанд ва ҳама сӯхтаву корношоям ба назар мерасанд.

ВКД сӯхтор дар “Ашан”-ро расман шарҳ дод: гунаҳгори ҳодиса муайян карда мешавад

Маҳаллаи Зарафшони пойтахт миёни ду ноҳия – Синои шаҳри Душанбе ва Рӯдакӣ тақсим мешавад. Ҳодиса маҳз дар қисмати ноҳияи Рӯдакӣ иттифоқ афтодааст.

Лентаи хабарҳо
0