06:47 25 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.41
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
65401

Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд се сарнишини як сабукрав ҷонҳои худро аз даст додаанд

ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Ба қавли шоҳидон, ин ҳодиса шаби шанбеи 31 ноябр дар қарибии бозорчаи фурӯши меваи хушки деҳаи Куруд, ки дар канори қисмати роҳи Айнӣ - Истаравшани шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд фаъолият мекунад, иттифоқ афтодааст.

“Мошини сабукрави “Мерседес”, рақами давлатиаш 48-73 RK, аз роҳ баромада, аз баландии қариб 700 метр сарозер шуд. Ронанда, ба гумони ағлаб, дар натиҷаи огоҳ набудан аз роҳ ба чунин иштибоҳ роҳ додааст”, - гуфт яке аз шоҳидон.

Бино ба манобеъи расмӣ, мошини сабукрав ба Идибек Зоҳиров, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тааллуқ дошта, сарнишинони дигар - Умеда Комилова, мутаваллиди соли 1989, сокини шаҳри Душанбе ва Мубинҷон Каримов, соли таваллудаш 1997, донишҷӯи соли дуюми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи шаҳри Хуҷанд, будаанд, ки аз шаҳри Душанбе озими шаҳри Хуҷанд будаанд.

Шоҳидон мегӯянд, ронанда ва зани сарнишин дар садама ҷо ба ҷо ва ҷавони донишҷӯ дар шифохонаи ноҳияи Айнӣ ба ҳалокат расидаанд. “Ҷанозаи ҳамаи онҳо ба наздиконашон супорида шудааст”, - гуфтанд шоҳидон.

Тибқи иттилои Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ дар Суғд, тайи 8 моҳи аввали соли равон дар қаламрави вилоят 141 садамаи нақлиётӣ иттифоқ афтода, 75 нафар ба ҳалокат расида, 156 тани дигар захмӣ шудаанд ва як қисмати қобили таваҷҷӯҳи ин садамаҳо ба шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд рост меояд.

Барчаспҳо:
мудҳиштарин, садама, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ