19:14 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.56
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
156 0 0

Наҷотбахшон аз зери харобаҳо ҳамоно ҷасади қурбониёни замиларзаи мудҳишро берун меоранд. Фаъолияти гурӯҳҳои имдодрасон то ҳол идома дорад

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Наҷотбахшон дар Измири Туркия, пас аз 65 соати заминларзаи мудҳиш, Элиф Перинчеки сесоларо аз зери харобаҳои бинои истиқоматӣ берун оварданд, хабар медиҳад РИА Новости дар такя ба хабаргузории "Анадолу".

Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир духтар дар яке аз беморхонаҳои наздик бистарӣ шудааст.

Хонаводаи Элиф наҷоти ӯро мӯъҷиза номиданд.

Шумораи одамоне, ки наҷотбахшон аз зери харобаҳо берун оварданд, ба 106 нафар расид. Пештар Идил Ширини 14-сола аз зери харобаҳо берун карда шуд.

Теъдоди ҷонбохтагон дар пайи ин заминларза дар Турки дар ҳоли афзоиш буда, дар ҳоли ҳозир он ба 73 нафар расидааст.

Гуфта мешавад, ба пояи моморҳои охирин дар баробари 73 тан ҳалокшуда ҳамзамон 961 тани дигар зарар дидаанд.

Ёдовар мешавем, шоми 30 октябр дар Туркия заминҷунбии мудҳише рух дод, ки Юнонро ҳам такон дод.

Қувваи заминҷунбӣ дар марказаш 7 баллро ташкил додааст. Пас аз чанде марказҳои зилзиласанҷӣ боз рави заминро бо қувваи 5 балл ба қайд гирифтаанд.

Дар робита ба офати табиӣ дар Туркия, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои худ Раҷаб Тайиб Эрдуғон изҳори ҳамдардӣ карда буд.

Президенти Тоҷикистон гуфтааст, ки хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани мардум, ҳамчунин харобиҳои зиёд бар асари заминларзаи шадид дар минтақаҳои ғарбии Туркия боиси андўҳи амиқи ӯ гардидааст.

Эрон гуфт, ки омодаи ҳамагуна кӯмак ба Туркия аст

"Дар ин зимн ҳамдардиву тасаллии самимии ин ҷонибро ба мардуми дӯсти Туркия иброз дошта, ба аҳли пайвандону наздикони қурбониёни ин офати табиии фоҷеабор сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам", - омадааст дар номаи таслияти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Барчаспҳо:
заминларза, наҷотдиҳӣ, Туркия

Мавзӯъҳои асосӣ