18:03 25 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.41
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1694 0 0

Раҳбари Беларус Александр Лукашенко ба Макрон пешниҳод кард, ки барои ба эътидол овардани муносибаташ бо мусулмонон омодааст кӯмак кунад

ДУШАНБЕ, 2 ноябр - Sputnik. Президенти Беларус Александр Лукашенко ба раҳбари Фаронса Эммануэл Макрон пешниҳод кард, ки дар муносибаташ бо мусулмонон миёнаравӣ кунад, хабар медиҳад Хабаргузории БелТА.

Ин пешниҳодро Лукашенко ҳангоми мулоқот бо митрополити Минск ва Заславский Бенямин изҳор дошт.

"Мусалмонон ҳеҷ гоҳ барои мо мушкилот эҷод накардаанд. Ман бисёр вақт мегӯям, ки мусалмонон қариб 100% ҳукуматдорон ва маро ҳамчун президент дар ҳама интихобот дастгирӣ мекарданд",-гуфт роҳбари Беларус.

"Мо ҳеҷ гоҳ ба худ иҷозат намедиҳем, он чи ки президенти Фаронса ба наздикӣ дар бораи озодии сухан ва эҳсосоти динӣ эълом кард: ин ба ту чӣ медиҳад, ки мусулмононро танқид мекунӣ?" - таъкид кард Лукашенко.

"Агар Макрон ба миёнаравӣ бо мусалмонон ниёз дошта бошад, пас ман омодаам онро пешниҳод кунам", - афзуд ӯ.

Вай инчунин изҳор дошт, ки "дахолат ба эҳсоси диндорон, алахусус мусулмонон комилан ғайриқобили қабул аст".

Ёдовар мешавем, чанде пеш дар шаҳри Конфлан-Сент-Онорини Фаронса, ки дар 27-километрии Порис ҷойгир аст, сари омӯзгори коллеҷро аз тан ҷудо намуданд. 

Профессор матолибҳои нашркардаи Charlie Hebdo-ро бо донишҷӯён муҳокима кард ва инчунин ба онҳо карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с) - ро нишон медод.

Қотили ӯ шаҳрванди 48 - солаи Алҷазоир буда, дар коллеҷи мазкур яке аз фарзандони ӯ таҳсил мекард.

Эрдуғон маҷаллаи фаронсавиро барои карикатура ба додгоҳ кашид

Дар робита ба ин қазия, раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ба тамоми фаронсавиҳо супориш дод, ки карикатураи пайғамбарро дар тамоми идораҳои давлатӣ овезон кунанд.

Қодиров гуфт, барои мавқеъгирияш дар робита ба Макрон омода аст истеъфо ва ё ҷон диҳад

Ин амали Макрон боиси нигаронии шадиди ҷомеаи мусалмонони ҷаҳон гардид ва гирдиҳамоиҳову нуқтаназарҳои шадидеро дар пай дошт.

Барчаспҳо:
мусалмонон, Эммануэл Макрон, Александр Лукашенко, Беларус

Мавзӯъҳои асосӣ