03:07 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
87201

Яке аз 11 заҳролудшудагон рӯзи 1 ноябр ҷон бохт, ҳолати се нафари дигар, ки аз 15 то 47 сол доранд, вазнин арзёбӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Ёздаҳ узви як хонавода дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз консерви бодиринг ва помидор заҳролуд шуданд.

Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, ин ҳодиса дар деҳаи Меҳргони ҷамоати И. Шарипов ба вуқӯъ пайвастааст.

Дар Душанбе 16 нафар пас аз истеъмоли "хот-дог" заҳролуд шуданд

Гуфта мешавад, ки дар паи заҳролудшавӣ, 9 нафар фавран ба беморхонаи ноҳияи Данғара интиқол ёфта, бистарӣ карда шуданд.

"Рӯзи 1-уми ноябр як нафари онҳо, ки 23 сол дошт, фавтид. Ҳолати се нафари дигар аз заҳролудшудагон, ки аз 15 то 47 сол доранд, вазнин гузориш шудааст. Вазъи саломатии 5 нафари дигар хубтар арзёбӣ шудааст ва ҳоло ҳамаи онҳо дар бистари беморианд ва муолиҷа мешаванд", - омадааст дар хабарнома.

Дар Самарқанд аз истеъмоли "хот-дог" ва "шаурма" 26 нафар заҳролуд шуданд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват мекунад, ки вақти омода намудани консервҳои мевагӣ талош кунанд қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Барчаспҳо:
ҳалокат, заҳролудшавӣ, Данғара

Мавзӯъҳои асосӣ