10:21 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
325603

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани се ҷинояти мудҳиш дар қаламрави кишвар, ки якеаш ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ иртибот дорад, хабар дод

 ДУШАНБЕ, 5 окт – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, тайи ду рӯзи ахир дар ҳудуди кишвар ду ҷинояти куштор ба қайд гирифта шуда, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як куштори мудҳиши соли 1993-ро ошкор карданд.

Корд ба қафаси сина

Ҳамин тавр,  аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир гардидааст.

Гуфта мешавад, номбурда, 3-юми ноябри соли 2020, тахминан соати 20:30-дақиқа, дар ҳудуди оосоишгоҳи "Авитсенаи Истаравшан" даст ба куштор задааст.

Мард дар ҳолати мастӣ қарор дошта, бо посбони осоишгоҳ муноқиша карда, бо кор ба қафаси синаи посбон-марди 56-сола ду маротиба задааст.

Дар натиҷа ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

"Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад", - тавзеҳ медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Зарба бо корд ба гардан

Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти Э.Шарипови шаҳри Конибодом ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир шудааст.

Ба манзилаш бурд ва се маротиба бо табар ба гарданаш зад: куштор дар Суғд

Номбурда, санаи 4-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 16:00, дар ҳолати мастӣ дар назди хонаи истиқоматиаш аз сабаби доштани хусумати шахсӣ нисбати ҷавони 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Э.Шарипов бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо корд ба тарафи рости гарданаш 1-маротиба задааст, ки дар натиҷа охирон аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Нисбати  ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ҷиноят дар соли 1993

Ҳамзамон, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки мардони 62 ва 74-солаи сокинони ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросон санаи 5-феврали соли 1993, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани марди 70-солаи сокини ҷамоати деҳоти С.Айнии ҳамин ноҳия бо истифода аз вазъи сиёсӣ ва нооромиҳои ҷумҳурӣ номбурдаро ба штаби Мактаб-интернати ҷамоати деҳоти С.Айнӣ бурдаанд.

Сипас, бинобар сабаби байни онҳо ҷой доштани маблағи қарзӣ баҳсу мунозира ба миён омадааст ва марди 74-сола бо таппончаи тамғаи “Макаров” ба гӯлуи ҷабрдида тир холӣ карда, охиронро захмин намудааст ва ҳаммаслаки ӯ марди 62-сола ба ин кирдори ӯ ҳамроҳ шуда, ба бадани ҷабрдида иловатан якчанд маротиба тир холӣ намуда ӯро ба ҳалокат расонидаанд.

Оид ба ин ҳолат парвандаи ҷинояӣ бо иловаи-1 ва моддаи 105 (таҳрири соли 1961) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Рашк: куштор ҳангоми дидани алоқаи ҷинсии зани ҷавонаш бо ҳамсоя-видео

Мавзӯъҳои асосӣ