00:44 05 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
497 0 0

Зуҳри имрӯз дар шаҳру навоҳии Суғд замин ҷунбид. Сокинон мегуянд, вуқӯъи ин ҳодисаи табииро ҳангоми чоштхурӣ дар хонаҳояшон баръало эҳсос кардаанд

ДУШАНЕБ, 6 ноя – Sputnik. Сокинони шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ин ҳодисаи табиӣ дар соатҳои 12:40 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.

“Мо сари дастурхон нишаста будем, ларзиши чароғи хона ва деворхои хона дида мешуд. Худоро шукр, ки ҷунбиши замин чандон тез набуд, балки ором буд”, - гуфт як ҳамсуҳбати мо.

Дар ҳамин ҳол аз қисми навбатдории Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ба ҳангоми суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки рухдоди ин ҳодисаи табииро сокинон дар дигар шаҳру навоҳии Суғд ҳам мушоҳида кардаанд.

“Аз шаҳри Исфара ва ноҳияи Мастчоҳ аз рухдоди заминҷунбӣ хабар доданд. Хушбахтона ҳама ҷо тинҷ аст ва ягон ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта нашудааст”, - хабар доданд аз Раёсати КҲФ дар Суғд.

Бино ба додаҳои пойгоҳҳои заминларзасанҷии ҷаҳон, маркази заминларза дар наздиикии вилояти Оши Қирғизистон гуфта мешавад, ки дар умқи 30 киллометир сар зада, он 5,3 балл будааст.

Шиддати заминларзаро дар баробари навоҳии марзии шимоли Тоҷикистон ҳамзамон вилоятҳои Фарғона ва Андиҷони Ӯзбекистон низ ҳис кардаанд. 

Биноҳои фурӯрафта ва хиёбонҳои зери об монда: Туркия ва Юнон пас аз заминҷунбӣ - акс

Гуфта мешавад, дар минтақаҳои Ӯзбекистон ҳатто дар Тошканд шиддати замин аз 5,2 то 2 дараҷа эҳсос шудааст.

Барчаспҳо:
Ӯзбекистон, Қирғизистон, Фарғона, заминларза, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ