23:08 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
155801

Мақомоти пулиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд кирдори падарандаре, ки мунтазам фарзанди хурдсоли ҳамсарашро азият медод, ошкор кардааст

ДУШАНБЕ, 8 ноя – Sputnik. Бино ба гузориши Акбар Шариф, сухангӯи Раёсати вазорати корҳои дохила дар вилояти Суғд, бо ин ҷурм шаҳрванд Намоззода Рамазон Ҳотамхони 32-сола зодаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини Хатлон боздошт шуд.

Ба иттилои манбаъ, номбурда давоми як моҳи оиладорӣ бо ҷавонзани 22-сола мунтазам аъзои бадани фарзанди ӯро газида ба ӯ азобу уқубати ҷисмонӣ расонидааст.

"Захму обила дар бадани хурдсол нишонаи чунин муносибат аст, ки ба саломатии ӯ таҳдид мекард", - мегӯяд манбаъ.

Гумонбаршуда бошад ба тафтишот нишондод додааст, ки гӯё аз рӯи муҳаббату дӯстдорӣ ӯро газида бошад.

"Аммо ба фарзияи тафтишот ҳисси бадбинӣ ба фарзанди бегона Рамазон Намоззодаро ба чунин ҳаракатҳои ҷиноятӣ водор кардааст. Зеро инсони солиму хайрхоҳ муҳаббатро бо шеваи бераҳмӣ изҳор намедорад",-мегӯяд манбаъ.

Зимни бозпурсӣ худи Намоззода иқрор мешавад, ки дар ҳақиқат кӯдакро сахт газидааст, ки сиёҳ шудааст.

Рамазон Намоззода моҳи сентябри соли ҷорӣ бо модари хурдсол тариқи никоҳи мусалмонӣ оиладор шуда, аз мавҷудияти фарзанди ӯ огоҳӣ доштааст.

Ин оиладорӣ барои гумонбаршуда никоҳи сеюм буда, аз оилаҳои қаблияш ду фарзанд доштааст.

"Одати газидан дар ӯ танҳо нисбат ба фарзанди угай пайдо шудааст",- мегӯяд Акбар Шариф.

Манбаъ мегӯяд, барои муаян кардани ҳолати равонии боздоштшуда равоншинос ҷалб шудааст.

"Халалёбии рӯҳӣ ва ё мавҷудияти васвосии ахлоқ нисбат ба кӯдакон аз фарзияҳое, ки мавриди тафтишоти пешакӣ қарор гирифта, хулосаи ташхиси равоншиносӣ онро дақиқ хоҳад кард”,-мегӯяд, манбаъ.

Боздоштшуда ҳамзамон зимни бозпурсӣ мегӯяд, ду фарзанд дорад ва бо онҳо низ чунин дӯстдорӣ мекард, аммо чунин нагазида буд.

Дар бораи кирдори Намоззода ҳамсараш низ ба мақомот хабар надодааст. Дар бораи ин ҳолат маълумот аз ҷониби ашхоси мусоидаткунанда ба мақомот дастрас ва мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад, нисбат ба боздоштшуда, парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Барчаспҳо:
падар, боздошт, ВКД, Бӯстон

Мавзӯъҳои асосӣ