22:38 03 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1123 0 0

Бар асари сӯхтор дар яке аз хобгоҳҳои Самара дасти кам 4 муҳоҷири тоҷику ӯзбек ҷон аз даст доданд. Ҳамчунин 5 тани дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар Самара дар яке аз хобгоҳҳо, ки муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сар мебурданд, сӯхтор сар зад, хабар медиҳад Кумитаи тафтишотии ин вилоят.

Ба иттилои манбаъ, сӯхтор субҳи барвақти рӯзи 7 - уми ноябр рух дод, ки дар натиҷа 4 муҳоҷир ба ҳалокат расида, ҳамчунин 5 нафари дигар ҷароҳатҳои сӯхтагии бадан бардоштанд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, расиши ноқилҳои барқ ​​боиси сӯхтор дар хобгоҳ шудааст. Алангаи оташ зуд масоҳат 500 метри мураббаъро фаро гирифт ва оташнишонон танҳо бо гузашти ду соат тавонистанд онро хомӯш кунанд.

Вазъияти Қирғизистон соат ба соат: сӯхтор дар "Кохи Сафед" ва ҷароҳати 600 тан

Сарраёсати вазорати ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Самара таъйид намудааст, ки чаҳор нафар қурбон шуда, панҷ шаҳрванди дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Дар ҳоли ҳозир шахсияти ҳалокшудагон ва захмиёнро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян мекунанд.

Феълан, соҳиби ин хобгоҳ боздошт шудааст ва муфаттишон алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Барчаспҳо:
фавт, ӯзбекон, тоҷик, муҳоҷирон, хобгоҳ, сӯхтор, Самара

Мавзӯъҳои асосӣ