02:17 05 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
81601

Мақомоти пулиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз боздошти Ҷураев Муҳаммади 38-сола хабар медиҳад, ки дар қатли бераҳмонаи як нафар муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 8 ноя – Sputnik. Бино ба гузориши Акбар Шариф, сухангӯи Раёсати вазорати корҳои дохила дар вилояти Суғд, Ҷураев Муҳаммад сокини ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафиқи 32-солааш Рустам Юнусовро ба қатл расонидааст.

Ба иттилои манбаъ, ҷинояти мазкур санаи 21-уми октябр тахминан соатҳои 17:00 дар хонаи боздоштшуда сар задааст.

Манбаъ мегӯяд, Муҳаммад Ҷӯраев ва Рустам Юнусов шуғли мардикорӣ дошта бо ҳам ошноӣ дошта, дар хонаи аввалӣ мегаштаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, соҳибхона Муҳаммад Ҷӯраев аз ҳисоби фурӯши оҳанпора 650 сомонӣ ба даст меорад ва барои оростани дастархон ба мағоза меравад. Баъди бозгашт огоҳ мешавад, ки меҳмонаш маблағи пинҳонкардаи ӯро тасарруф карда, аз манзили истиқоматӣ берун рафтааст.

Зимни бозпурсӣ Муҳаммад Ҷӯраев гуфт, бади ин ҳодиса онҳо як моҳ пас во хӯрдаанд ва аз рафиқаш хостааст, ки пулро баргардонад, аммо охирон бо таҳдид гуфтааст, боз як бори дигар пурсад худашро куштаву хонаашро чаппа мекунад.

“Дигар гап назадам ва мақсади куштор дар сарам пайдо шуд. Бо истифода аз табар ин амалро анҷом додам”,- гуфт боздоштшуда.

Чун даъвои барқарор кардани зарар натиҷа надод ва кор дар мардикорбозор низ омад накард, ҳарду машруботи спиртӣ нӯшидаву барои шабро рӯз кардан ба хонаи Муҳаммад Ҷӯраев омадаанд, мегӯяд манбаъ.

Гуфта мешавад, дар хонаи Ҷӯраев баҳси 650 сомон боз сар мезанад, ки ин маротиба соҳибхона ба таҳдидҳои меҳмон нигоҳ накарда, ӯро бо табар зада ба қатл мерасонад.

Боздошти Муминов барои қатли тағои 70-солааш: хонаро ба ӯ нею ба додараш додааст-видео

Рӯзи дигар Ҷӯраев ҷасадро дар ҳезумхона пинҳон карда ба аёдати хоҳаронаш рафта ҳодисаро нақл мекунад. Дар идома хоҳарон нозири минтақавиро аз ҳодисаи рухдода огоҳ мекунанд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гашта тафтишот идома дорад, афзудааст манбаъ.

Барчаспҳо:
пул, куштор, Бобоҷон Ғафуров, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ